Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо имрӯз ҳайати низомии Русия таҳти сарварии муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антоновро, ки бо сафари серӯза ба Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.
Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқоти ҳайатҳои низомии ҷонибҳо ба масъалахои амалисозии тавофуқоти қаблан ҳосилшуда миёни кишварҳо оид ба ҳамкориҳои низомиву техникӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. «Дар ҷараёни гуфтушунидҳои минбаъда ҷонибҳо масъалаи расонидани кумаки низомиву техникии Русия ба Тоҷикистонро батафсил таҳлилу баррасӣ мекунанд», - гуфт ӯ.
Бино ба иттилои як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон, дар назар аст, ки ҳайати низомии Русия таҳти сарварии Анатолий Антоновро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.
Қобили зикр аст, ки зимни сафар ба Тоҷикистон ҳайати ҳарбии Русия аз қисмҳои низомии ҷудогонаи Артиши миллии Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 2101-уми Русия дар Тоҷикистон боздид мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста