Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ба тахти подшоҳии Арабистони Саудӣ нишастани Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ба унвони ӯ барқияи табрикӣ фиристод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия Эмомалӣ Раҳмон ба подшоҳи ин кишвар дар хидмати Ҳарамайни Шарифайн муваффақият орзу мекунад.
«Орзу дорам, ки қадамҳои Шумо дар ҷодаи роҳбарӣ ба мардуми бародари Шоҳигарӣ ҷиҳати дастёбӣ ба пешрафту шукуфоии бештари кишвар, ҳаллу фасли пирӯзмандонаи масоили Уммати исломӣ ва орзуҳову ормонҳои он устувор бошад», - омадааст дар барқия.
Ҳамчунин дар барқия гуфта мешавад, «бо истифода аз ин фурсати нек рағбати содиқонаи хешро ҷиҳати идомаи раванди ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо Шумо дар амри таҳкими робитаҳои дӯстиву рафоқат, ки муҷиби хайру баракат барои мардумони бародари мо бошанд, изҳор менамоям».



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста