Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода изҳор намуд, ки нақшаи чорабиниҳо бобати то ба ҳадди камтарини ниҳоӣ овардани хатарҳои буҳрони ҷаҳонии иқтисодиву молӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар марҳилаи баимзорасӣ қарор дорад.
Ба гуфтаи вазир, ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар таҳия шуда, бо тамоми мақомоти дахлдор мувофиқа ва ояндаи наздик ба нашр хоҳад расид.
«Дар ин нақша дар навбати аввал роҳандозии сиёсати пуливу қарзии дурусту саҳеҳ, сиёсати бештар эҳтиёткоронаи андозу буҷетӣ (фискалӣ), коҳиши хароҷот ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ шудааст», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли Раҳимзода, нақшаи мазкур аз 5 қисмат иборат аст, ки се навъи имконпазири сурат гирифтани вазъ (сенария)-и рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар шароити буҳрони ҷаҳонии иқтисодиву молиро дар бар мегиранд.
Ӯ қайд кард, ки соли 2015 афзоиши иқтисоди Тоҷикистон тибқи пешгӯии нохуштарин ҳам 4,8-ро ташкил хоҳад дод. «Афзоиш дар чунин сатҳ дар сурати таъсири шадиди буҳрон ба иқтисоди мо имконпазир аст», - шарҳ дод вазири рушди иқтисод.
Зимнан таъкид гардид, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ростои муқобилат бо буҳрони глобалии моливу иқтисодӣ аз як таҷрибаи муайяне бархӯрдор аст. «Мо ҳанӯз соли 2009-ро дар хотир дорем, ки он замон таҳти таъсири буҳрон сатҳи афзоиши иқтисоди мо ҳамагӣ 3,9%-ро ташкил дода буд», - афзуд Ш.Раҳимзода.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста