Зимни баррасии масъалаи ворид намудани тағйироту иловаи пешниҳодшудаи ҳукумат ба қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон» дар палатаи поёнии парлумон, раиси Ҳизби коммунист ва вакил Шодӣ Шабдолов аз ҳампешагони худ даъват намуд, ки онро рад намоянд ва бо нигаронӣ изҳор намуд, ки «вагарна худатон нахоҳед фаҳмид, ки дар кадом хусус овоз дода истодаед».
Зимни ибрози андеша доир ба ин масъала Шабдолов бандҳои тағйирот ба қонунро, ки дар онҳо такроран аз ташхиси тиббӣ гузаштани маъюбон барои муайян кардани гурӯҳи маъбӣ пешниҳод шудааст, бемаънӣ унвон кард. «Ҳеҷ касе дар дунё маъюб будан намехоҳад ва ман аз шумо даъват мекунам, ки тағийрот ба қонун бо ин шаклро қабул накунед», - таъкид дошт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, бо ҳаҷми миёнаи нафақаи маъюб дар Тоҷикистон, ки 230 сомониро ташкил медиҳад, ҳатто харидани се ҳаб (таблетка)-и зарурӣ дар дорухонаҳо ғайриимкон аст. «Дар бораи бо маводи ғизойӣ таъмин будану зиндагии маъюб ҳоҷати ҳарф задан ҳам нест. Банди тағйирот дар бораи бекор кардани таъини нафақаи якумрӣ дар кишвар бошад, ба шарҳу тавзеҳ ниёз надорад. Ба сурати умум, бигзор ҳукумат аз ҳисоби хусусигардонии иншооти сершумори давлатӣ ҳаққи маъюбонро диҳад», - чунин мешуморад раиси ҲКТ.
Дар посух ба суханронии пурҳаяҷони Шабдолов намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ изҳор доштанд, ки нафақаҳои якумрӣ минбаъд бар асоси дастури ҳукумат таъин мешавад, ки мавриди таҳия қарор дорад.
Пас аз суханронии пурэҳсоси Шодӣ Шабдолов раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров луқма партофт, ки шояд худи раиси ҲКТ дорои гурӯҳи маъбӣ аст, вале аз Шодӣ Шабдолов посухи рад гирифт.
Зимни шарҳи моҳияти тағйироту илова ба қонуни мазкур ба вакилон муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Лола Бобоҳоҷиева қайд кард, ки имрӯз дар саросари кишвар 163 ҳазору 707 нафар шаҳрвандон бо нафақаи маъюбӣ ва кумакпулиҳо барои маъюбон таъмин карда мешаванд, ки 25,8 ҳазор нафарашон кӯдаконанд.
Ӯ зикр кард, ки дар натиҷаи соли гузашта такроран баргузор кардани ташхиси тиббии беш аз 39 ҳазор нафар маъюбон, нисбати 8 ҳазор нафари онҳо қарорҳои таъини нафақа ва кумакпулиҳо бекор карда шуда, гурӯҳи маъбии 4 ҳазор нафари дигар аз гурӯҳи 2 ба 3 гузаронида шуданд.
Пас аз баҳсҳои пурҷӯшу хурӯш аз 54 нафар вакилони дар ҷаласа ҳузурдошта 3 нафар муқобил, 3 нафар бетараф ва боқимонда 48 нафар вакилони дигар ба ҷонибдории ворид намудани тағйироту илова ба қонун овоз доданд.




Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”
Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста