Рӯзи 28 январи соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Туркманистон Ишонқули Аманлиевро  бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитариро мавриди муҳокима қарор доданд.

Гуфта мешавад, ба татбиқи созишномаҳои қаблан баимзорасида таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, перомуни таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳавасмандии ҳарду ҷониб изҳор гардид.