Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) қарори рӯзи 18-уми январ қабулкардаи худ дар бораи муваққатан даст кашидан аз иштирок дар интихоботи парлумониро бекор кард.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 29-уми январ раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров бо дархости ба қайд гирифтани номзадҳои пешбаришудаи ҳизб тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва ҳамчунин номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ расман ба КМИР Тоҷикистон муроҷиат кардааст.
«Маросими сабти расмии 14 нафар номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон, ки тибқи рӯйхати ҳизбии ҲСДТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ шудаанд, ба санаи 2-юми феврал таъин шуд», - қайд кард Додозода.
Ёдрас мекунем, ки қарори Шӯрои сиёсии ҲНИТ оид ба муваққатан даст кашидан аз иштирок дар интихоботи парлумонӣ дар робита ба содир шудани ҳукми ғайримунсифона нисбати муовини раиси ҳизб адвокат Шуҳрат Қудратов ва ҳамчунин бинобар сабаби афзоиши фишор ва монеъагузориҳо ба ҲСДТ аз ҷониби ҳукуматдорон қабул шуда буд.
«Агар мушкилоти дар боло зикргардида ҳал нашаванд, анҷумани фавқулодаи ҳизб даъват шуда, дар он масъалаи эълони таҳрим ба интихобот аз ҷониби ҳизби мо баррасӣ мешавад», - таъкид дошта буд дар ин робита раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров.
Қобили зикр аст, ки рӯйхати ҳизбии номзадҳои ҲСДТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз 14 нафар иборат аст, ки онро муовини раиси ҳизб Амният Абдулназаров роҳбарӣ мекунад. Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров таҳти рақами 3 дар рӯйхат сабт шудааст. Номзадҳои ҲСДТ қаблан санҷиши донистани забони давлатиро муваффақона супурданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста