Рӯзи 29-уми январи соли 2015 Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МН ҳайати нозирони САҲА/ДИДХБ: Маклош Харасти – сардори намояндагии Миссияи нозирони интихоботи парлумонии 2015, Ксения Дашутина – коршиноси миссия оид ба масъалаҳои юридикӣ ва Даря Папротска – коршиноси миссия оид ба масъалаҳои сиёсиро дар бинои Ситоди интихоботии ҲНИТ дар қароргоҳи марказии ҳизб ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар ин вохурӣ Сайидумар Ҳусайнӣ – муовини аввали раиси ҳизб, Муҳаммадкарими Орзу – муовини раиси ҳизб ва ҳамзамон масъули ҳамоҳангсозии бахшҳои Ситод, Муҳаммадҷон Нурӣ – мушовири ҳизб ва Абдуқаҳҳори Давлат – раиси шуъбаи равобити хориҷии ҳизб низ ширкат доштанд.
Гуфта мешавад, тарафҳо вазъи кишвар, масоили марбут ба интихоботи парлумонии соли 2015, аз ҷумла омодагии ҲНИТ ба он, марҳалаи муаррифии номзадҳо , вуҷуди баъзе қонуншиканиҳо ва фишору маҳдудиятҳо болои ҳизб ва фаъолони он ва масоили дигарро баҳсу баррасӣ карданд.
«Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизб зимни суҳбат изҳори умедворӣ кард, ки ҳайати нозирони байналмиллалӣ рисолати худро холисона ва бетарафона анҷом дода, ҳамкории хуб бо номзадҳо, аҳзоби сиёсӣ, мақомоти давлатӣ ва нозирони миллӣ хоҳанд дошт», - омадааст дар хабари сомонаи расмии ҳизб.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин ба нозирони байналмиллалӣ намунаҳои маводи таблиғотӣ, плакатҳо ва шиорҳо нишон дода шуд, ки мақомот онҳоро ҳамчун "рекламаи сиёсӣ" иҷозати овехтан дар хиёбони кучаҳоро то ҳол надодаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста