Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикситон мегӯяд, ки дар кишвар гуруҳе, нест, ки ҳуқуқу озодиҳои ӯ нақз нагардад. Ин нуктаро Зойиров имрӯз, 30-юми январ дар муаррифии барномаи пешазинтихоботии роҳбарони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бо ҷавонони кишвар таъкид намуд. Ҷаноби Зойиров бо ишора ба суоли ҷавонон, ки чаро ҳуқуқҳои онҳо дар саросари кишвар риоя намешавад, гуфт, ки дар Тоҷикистон на танҳо ҳуқуқи ҷавонон, балки ҳуқуқи кӯдакону занон низ поймол мешавад: “Ба назари ман дар Тоҷикистон гуруҳ, ҳизб, қавме нест, ки ҳуқуқҳои он пурра риоя карда шавад. Вақте мегӯем, ки ҷавонон насли ҷадид ҳастанд, бояд ҳамзамон эътироф кунем, ки ин насл имрӯзҳо тақрибан вуҷуд надорад ва ё ки парокандаву маҳдуд аст”.
Раҳматилло Зойиров , дар идома гуфт, ки муҳити солим барои рақобат вобаста аз ҳизбият ё новобаста аз он бисёр коста аст. Муҳим ин ки дастгирии ҷавонон аз ҷониби сиёсати давлатӣ ҳам интихобӣ аст. Парламент ин мақоми қонунгузор аст. Масъалаи ҳуқуқӣ ё амалигардонии ҷойи кор ё дигар чизҳо ҳокимияти иҷроия машғул мешавад. Парламент бояд сараввал пароканда будани ҷавононро дар асоси сиёсати ҷавони қонунгузорӣ бояд таъмин кунад. Маҳдудияте, ки вуҷуд дорад бояд бартараф кунад. Рақобати солим дар ҷомеаро таъмин кунад. Агар барои ин ҷуръат дошта бошад.
Намояндаи Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон Фирӯзаи Шарифӣ изҳор дошт, ки татбиқи сиёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ яке аз самтҳои асосӣ буда дастгирии ҳамаҷонибаи он дар ҶТ чун ҳамеша дар маркази фаъолияти ҲХДТ мебошад.
Хонум Шарифӣ илова кард: “барои паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастрасӣ ба таҳсил, ҷалби ҷавонон барои фаъолият дар сохторҳои давлатӣ, азҷумла дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ, инчунин дар мақомоти намояндагӣ ва бо ин роҳ ташаккул додани қобилияти сарварӣ дар миёни онҳо чораҳои муассирро амалӣ мегардонанд”.
Муҳиддин Кабирӣ , раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт ҷомеаи мо имрӯз як мушкилӣ ё як беморӣ надорад. Вазифаи мо ин аст, ки ташхиси дуруст карда шавад аз вазъи ҷомеа ва мисли як табиби ҳозиқ табобатро аз мушкилии асосӣ шуруъ кунем. Вазъияти кишвари мо ҳамин тавр аст, ки мо бояд фазоро тағйир бидиҳем муносибат ба инсонро тағйир диҳем. Вақте мо дар бораи инсон суҳбат мекунам шомили ҳама мешавад.
Раиси ҲНИТ зикр кард: “мутаассифона дар ҷомеаи мо умед ба интихобот ва равандҳои сиёсӣ камтар шудааст. Мушкили асосии мардум ҳамин аст. Вазифаи мо - аҳзоби сиёсӣ, президент ин аст, ки умедро ба наслҳои оянда баргардоем. Агар мо битавонем умедро ба онҳо баргардонем. Онҳо худашон қисми зиёди мушкилоташонро ҳал мекунанд”.
Шодӣ Шабдолов , раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар бораи қонунҳо ва риоя нашудани он изҳори нигаронӣ карда гуфт: барнома ҳаст, қонун дар бораи маориф ҳам ҳаст фақат мавқеи мо ин аст, ки ҳамин қонунҳо татбиқ шаванд. Ҷавонон муфтхӯр нестанд, ки давлат ҳамачизро тайёр оварда дар дасти онҳо диҳад.
Шабдолов илова кард: Мавқеи мо нисбат ба сиёсати ҷавонон ин аст, ки онҳо бояд пеш аз ҳама илмро дар ҷумҳурӣ дар кадом сатҳе, ки набошад илм омӯзанд.
Ҳамчунин Зайниддин Сафаров , муовини аввали раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҷорӣ намудани сиёсати фаъол барои ҳимояи манфиатҳои ҷавонон ва инкишофи фаъолнокии иҷтимоӣ-сиёсии онҳо, тарбияи ҷавонон аз руи хештаншиносиву ватанпарастӣ муносиботи боэҳтиромона бо калонсолон ва пиронсолон, пешбарии ҷавонон ба вазифаҳои интихобӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дастгирии соҳибкорони ҷавон, мусоидат ба шиносоии ҷаҳону деҳот, кӯдакону наврасон бо меъроси таърихиву фарҳангӣ, пос доштан ва эҳтироми анъанаҳои миллӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавӣ. -ро аз нуктаҳои муҳими барномаи пешазинтихоботии Ҳизби аграрӣ донистааст.
Саидҷаъфар Исмонов , раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки хизмати ҳарбӣ шартномавӣ шавад. ҲДТ дар интихобот иштирок хоҳад кард. Ва мушкили асосӣ дар кишварро набудани истеҳсолот ва ҷойҳои корӣ дар кишвар донист.
Ӯ гуфт: “яке аз барномаҳоии асосии ҳизби демократӣ ин баланд бардоштани дониши ҳуқуқии ҷавонон дар деҳот мебошад”.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста