Рӯзи 29 январи соли 2015 дар пешманзари баргузории интихоботҳои парлумонӣ дар бинои Бундестаги Олмон мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо раиси Гурӯҳи парлумонии Олмону Осиёи Марказӣ Манфред Грунд ва аъзоёни ин гурӯҳ баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни сӯҳбат бештар дар атрофи масъалаҳои тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ, зарурати рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон баъди хурӯҷи Қувваҳои эътилоф аз Афғонистон, табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисон табодули назар сурат гирифтанд.
Гуфта мешавад, Манферд Грунд изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои сарватҳои кашфношуда бо назардошти мавқеи ҷуғрофии худ, инчунин нақшаҳои Ҳукумати кишвар дар самти беҳтарсозии инфрасохторҳои байналмилалӣ имконоти хуб барои ҳамкориҳо бо кишварҳои Аврупоро дорад.
Зимнан зикр мегардад, ки баргузор гардидани сӯҳбату мулоқотҳои судманд дар тӯли соли ҷорӣ, ҳамчунин сафарҳои мутақобилаи кории гурӯҳи байнипарлумонии Олмон ва Осиёи Марказӣ дар соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста