Имрӯз дар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон масъалаи сабти расмии номзадҳои пешбаришудаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ баррасӣ мешавад.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯйхати ҳизбии ҲСДТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз 14 нафар номзадҳо иборат буда, дар садри рӯйхат муовини раиси ҳизб Амният Абдуназаров ва таҳти рақами 3 раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров қарор доранд.
Ба иттилои манбаъ, нимаи дуюми моҳи январ КМИР рӯйхатҳои ҳизбии ҲХДТ аз 27 нафар номзадҳо таҳти сарварии ёвари президент оид ба масоили кадрҳо Абдуҷаббор Азизӣ, рӯйхати Ҳизби аграрӣ аз 13 нафар номзадҳо бо роҳбарии раиси ҳизб Рустам Латифзода, ҲДТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Саидҷаъфар Исмонов иборат аз 4 нафар номзадҳо, ҲСТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров иборат аз 6 нафар номзадҳо, ҲИИТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Олимҷон Бобоев иборат аз 6 нафар, рӯйхати ҲНИТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ аз 27 нафар номзадҳо ва рӯйхати ҲКТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Шодӣ Шабдолов аз 7 нафар номзадҳоро расман ба қайд гирифт.
«Ҳамин тариқ, нимаи дуюми имрӯз рӯйхати ниҳоии номзадҳо тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳаввзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ муайян карда мешавад, ки 102 довталаб ба 22 курсии парлумонро ташкил хоҳад дод», - афзуд Додозода.



Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”
Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?
Дар пойтахт озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?
Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд
“Дар буҷет чунин маблағи зиёд надорем...” Раиси вилояти Суғд сабаби ҳал нашудани мушкилоти шаҳраки Сайҳунро шарҳ дод
Даргирии навбатӣ миёни Покистон ва Толибон. Чаро онҳо ба хоки ҳамдигар ҳамла мекунанд?
“Tashkent Grand Slam 2026” имрӯз оғоз мешавад. Тоҷикистонро дар мсобиқот 17 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” дар Лондон баргузор шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 36
Нону гӯшту духтур. Дар Тоҷикистон пули оила бештар барои чӣ сарф мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста