Мухолифони ҳукумати Ӯзбекистон хабар медиҳанд, ки президенти амалкунандаи кишвар Ислом Каримов дар ҳолати беҳушӣ (кома) қарор дорад.
Бино ба иттилои фаъолони Ӯзбекистон халқ ҳаракати (Ҳаракати мардумии Ӯзбекистон) бо истинод ба сарчашмаҳои худӣ дар ҳукумати ин кишвар, рӯзи чоршанбе, 28-уми январ вазъи солимии сарвари давлати Ӯзбекистон баякборагӣ хеле бад шудааст.
«Тахминан соатҳои 20-30 дақиқа, ҳангоми хӯроки шомгоҳӣ дар қароргоҳи «Кӯксарой» президент Ислом Каримов беҳуш шуда, ҳайати кормандони тиббии қароргоҳ таъҷилан ба ӯ ёрӣ расонидаанд. Ғайр аз ин дигар мутахассисон ҳам ба Дурман даъват шуда, аммо то ҳол ба онҳо муясссар нашудааст, ки президентро ба ҳуш оранд. Ислом Каримов рӯзи 29 январ низ дар ҳолати беҳушӣ (кома) қарор доштааст», - хабар дода мешавад дар сомонаи расмии Ӯзбекистон халқ ҳаракати.
Гуфта мешавад, субҳи рӯзи панҷшанбе раиси Хадамоти амнияти миллӣ Рустам Иноятов, нахуствазири кишвар Шавкат Мирзиёев ва дигар аъзои ҳукумати наздик ба оилаи Каримов ба қароргоҳ омада, вале ҳанӯз аз натиҷаҳои мулоқоту гуфтушунидҳои онҳо маълумот дастрас нест.
Зимнан зикр мегардад, ки тайи ду соли ахир ин маротибаи дуюм аст, ки президенти Ӯзбекистон беҳуш шуда, муваққатан ба кор намебарояд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 30 январ президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба синни 77-солагӣ қадам ниҳод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста