Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) бо теъдоди 40 ҳазор нусха лавҳаҳои пешазинтихоботӣ ва дигар маводи таблиғотӣ нашр кард.
Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чор навъи маводи таблиғотӣ, аз ҷумла лавҳаҳо бо барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, лавҳаҳо бо аксҳои 27 нафар номзадҳо тибқи рӯйхати ҳизбӣ, лавҳа бо акси варақаи овоздиҳӣ ба ҷонибдории ҳизб ва ҳамчунин тақвими соли 2015 бо даъвати раъйдиҳӣ ба ҷонибдории ҲХДТ ба чоп расидаанд.
«Агар маводи чопшуда барои паҳнкунӣ дар саросари кишвар кифоя накунад, ҳизб боз нусхаҳои иловагӣ ба нашр мерасонад», - иброз дошт ӯ.
Дар робита ба манъи ҷойгиркунии лавҳаҳои пешазинтихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар пойтахт, номбурда зикр кард, ки ҲХДТ низ чунин маводро дар тамоми шаҳрҳои бузурги кишвар ҷойгир карданӣ буд. «Аммо агар ин кор тибқи қонунгузорӣ манъ шуда бошад, мо маҷбурем, ки аз ин нақшаҳои худ даст кашем», - афзуд Усмон Солеҳ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста