Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МН зимни суҳбати ҷамъбастии нишасти фаъолони ҲНИТ, ки рӯзи 3-юми феврали 2015 дар қароргоҳи марказии ҳизб бо ширкати беш аз ҳазор фаъоли ҳизбӣ баргузор гардид, аз кушишҳои номуваффақи бархе аз занҳо дар беруни бинои ҳизб ёдовар шуда, изҳор дошт: "Бубинед, вақте мо ҳамчун як ҳизби қонунӣ дар вақти интихобот ҷаласаи ҳизбӣ дорем, як гурӯҳ хоҳарони мову шумо, ки онҳоро фирефта кардаанд ва бечораҳоро ба як васила табдил додаанд, назди дафтари ҳизби мо меоянд ва мехоҳанд ҷаласаи моро халалдор бисозанд. Ҳамон сенарияе, ки дар дигар ҷойҳо анҷом доданд, мехоҳанд онро такрор кунанд.”
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, ӯ ҳамчунин гуфтааст: "Далели ин занҳо чист? Онҳо мегӯянд, шаҳрванд ҳақ дорад, ки назарҳояшонро ба шумо бигӯянд, аз Шумо талаб мекунанд ва нисбати Шумо даъво доранд. Дар ноҳияи Румӣ низ як гурӯҳ хоҳарон ҷамъ шуда буданд ва аз масъули ҳукумат пурсидам, ки инҳо чи ҳарф доранд, охир ба мо халал расонида истодаанд. Ӯ гуфт, ки инҳо ҳамчун шаҳванд ҳақ доранд, талаб кунанд ва демократия ҳаминаст. Ман гуфтам, чи хел ин хоҳари азиз аз симояш маълум аст, ки одами бисёр донишманд ё корманду мансабдор нест, балки зани оддии тоҷик аст. Ӯ шаш моҳ шуд, ки барқ надорад, на маоши хуб дорад ва ҳатман фарзандонаш дар ҳиҷрат ҳастанду мушкилотҳои зиёди иқтисодӣ дорад. Чаро пеши идораи худат намераваду даъво кунад, балки пеши ман омадаасту мехоҳад дар бораи будан ё набудани ҳизби исломӣ дар Конститутсия бо ман баҳс кунад? Ин бечорае, ки бояд ҳоло мушкилии барқу нафақаашро ҳал кунад, чӣ гуна пеши ман меомадааст? Ин хоҳарони бечора болои ин ки ҳама мушкилӣ дар зиндагӣ доранд, боз онҳоро ба василаи рақобатҳои носолим табдил мекунанд. Мутаассифона, инро василаҳои нарми муборизаи сиёсӣ бо рақибон аз тарафи ҳукумат ном гузоштанд. Бисёр номҳои зебо!”
Роҳбари ҳизб сипас фармуд: "Онҳо ҳам мунтазир ҳастанд, ки як бародар ё як хоҳари мо, Худое накарда даст бардорад ё ҳарфи дуруште бизанад, шумо баъд бубинед, ки чи қиёматро қоим мекунанд. Дарҳои моро мекӯбанд, халал мерасонад ва ҳақорат мекунанд, мо сокит ҳастем, вале агар ҷавоб додем, мо ҷинояткор ҳисоб мешавем. Ҳамон тавре ки вақте дар шаҳри Кӯлоб болои мо ҳуҷуму ҳақорат карданду заданд, бародарони мо ҷавоб доданд, ҳимоят карданд онҳоро ба додгоҳ бурданд ва мисли ҷинояткорон чанд шабонарӯз ҳабс карданд. Гуфтем, барои чӣ ҳабс кардед? Гуфтанд, нисбати ҳуҷумкунандагон дағалона рафтор карданд. Мегӯянд, битарс аз хашми инсони ҳалим, ки агар ӯ ба хашм омад, бисёр хашми сахт дорад. Набояд корро ба ин ҳад бирасонанд, ки ин модарони бечораҳоро ба пасҳои дар биоранд. Ин бисёр рақобати хориву залилист.”
Ӯ қайд кард: "Як бузургворе дуо кардааст: "Эй Парвардигоро! Аввал ин ки ба ман рақибу душман мадеҳ, вале агар додӣ, рақиби ҷавонмард бидеҳ, зеро рақиби номард сазовори ман нест ва намехоҳам”. Ин бадтарин мусибати инсон аст, ки рақиби номард дошта бошад. Вале, вақте дар майдон муборизаи ошкорро мебозанд ва ба ҳамин гуна корҳое даст мезананд, ки воқеан боиси хиҷолат аст. Хиҷолат на танҳо барои як ҳизбу ҳаракат, балки барои хиҷолат барои миллат аст.”
Муҳиддин Кабирӣ гуфт: "Чанд мулоҳизае, ки аз ин ҷаласа баромад ва сиёсати мо дар марҳалаи баъдиро муайян мекунад, ин аст, ки дигар бо мо набояд ҳамчун фарзанди "угай” рафтор шавад. Бародар Маҳмадалӣ Ҳаит ҳамин истилоҳро истифода карданд ва дигарон низ аз он суҳбат карданд. Ҳатто, ба фикрам, вақти он расидааст, ки ҳамчун соҳибони ин миллат ва замину Ватан суҳбат кунем, на ҳамчун як фарзанди кӯчак. Дар тоҷикҳо як зарбулмасал ҳам ҳаст, ки мегӯянд: "аз фарзанди хурди хона будан, парранда бошӣ беҳтар аст”, ки ақалан аз ин шох ба он шох имкони парвоз мекунӣ. Вале фарзанди кӯчаки хона ҳамеша зери маломат асту корҳои майда чуйдаро ӯ анҷом медиҳад, чи расад ба фарзанди "угай”. Муносибат бо мо моро маҷбур кардааст, ки имрӯз ин ташбиҳҳо мисли фарзанди "угай” ва фарзанди кучакро истифода барем.”
"Бародарону хоҳарони азиз, агар нигоҳ кунем, мову шумо соҳибони ин сарзамин ҳастем. Кӣ дар Тоҷикистон даъво карда метавонад ва аз ҳама ҳизбу ҳаракатҳо исбот карда метавонад, ки ба ин миллату ба ин замин аз мо даъвои бештар дорад? Кӣ далел дорад ва чӣ санад дорад? Оё падар ё бобояш мисли Христафор Тоҷикистонро бори аввал кашф карда буд, ки ба номи ӯ сабт шавад, ки ҳамин шахс, минтақа ё ҳамин ҳизб модомул-ҳаёт бояд бартарият дошта бошаду дигарон ҳама дар хидмати онҳо ва гапшунави онҳо бошанд? Инро на мо исбот карда метавонему на дигар ҳамватанон. Ба хости Худованд тақдир карда будаст, ки мо дар ҳамин ҷо ба дунё биёем ва дар ҳамин Ватану дар ҳамин сарзамин мисли дигар инсонҳо. Агар Худованд мехост, он қудратро дошт, ки якеи моро дар Африқо ё дар Амрико ва дигареро дар Ҷопон ба дунё биёрад, Ватани мо онҷо мешуд. Вале ҳоло бо қудрати Худованд, бо иродаи Ӯ, мо фарзанди Тоҷикистонему инҷо ба дунё омадем ва падарону бобоҳову аждодони мо дар инҷо гузаштанд ва аз ин фахр мекунем. Мо мехоҳем, ки фарзандони мо ва набураву абераҳои мо дар ҳамин сарзамин хушбахту саодатманд бошанд. Агар ҳама ин дидгоҳро дошта бошем, хоҳем донист, ки ҳамон ҳаққе ки ман дорам, ҳам ҲХДТ ва ҳам ҲКТ, ҳам диндору ва ҳам бедин ҳамин ҳақро дорад. Агар инро бифаҳмему амалӣ созем, дигар ҳамаи ин мушкилот ҳал мешаванд. "- афзуд ӯ.
Муҳиддин Кабирӣ дар идомаи суҳбаташ гуфт: "Вале мушкилии мо дар ҳамин аст, ки як идда худро баргузида ва болотар аз дигарон ҳисоб мекунанд, ҳамчунин як гурӯҳ бо номи дин, ки мутаассифона баъзан мешунавем, даъво мекунанд, ки мо баргузидаи Худованд ҳастем. Яке бо номи дин менозаду дигарӣ бо дунявият ва давлату додгоҳаш менозад. Яке бо мансубияташ ба ҳизби Президент менозад, ки мо аъзои фалон ҳизб ҳастем, ҳамон тавре, ки баъзе дӯстон мегӯянд, ки мо аъзои ҳизби исломиву аъзои ҳизби Худо ҳастем ва бартарияти мо дар ҳамин аст, ин иштибоҳ аст. Айнан иштибоҳи дигаронро такрор мекунем, ки мегӯянд мо аъзои ҳизби Президент ҳастем, агар ба ӯ райъ надодӣ, пас зидди сиёсати Президенти Тоҷикистон ҳастӣ. Бояд ин мантиқро канор гузошт. Мо ҳама ҳизби сиёсӣ ҳастем ва тибқи Конститутсияи ҷумҳурӣ амал карда истодаему ҳаққи баробар дорем. Бояд донем, касе зидди мо овоз медиҳад, аз Ислом берун намешавад, ҳамчунин касе зидди ҲХДТ овоз медиҳад, аз шаҳрвандӣ маҳрум намешавад."
"Ман чаро гуфтам, ки мову шумо ҳамчун соҳиби ин сарзамини рафтор кунем? Биоед, аз рӯи инсоф гап занем. Имрӯз ҳама даъвои истиқлолхоҳӣ мекунем ва аз президент шурӯъ карда, то кишоварз ҳама дар бораи истиқлол ҳарф мезанем ва бо ин фахр мекунем. Вале инсофан кӣ барои истиқлол талош карду мубориза бурд? Ба баъзеҳо истиқлолияти имрӯза мансабу мақом дод, вале то вақти мансаб гирифтанаш ӯ зидди истиқлолият буд ва бо парчами баъзе кишварҳои дигар бо мо мубориза бурданд ва мехостанд, ки тобеияти Тоҷикистонро аз пойтахтҳои дигар барқарор кунанд, вале натавонистанд ва нашуд. Вақте давлати нав ба онҳо мақому мансаб ва пулу ҷойгоҳ дод, баъд гуфтанд, ки аҷаб ширин будаст ин истиқлолият ва он чизи хуб будаст ва чаро ҳама муборизаро алайҳи истиқлолият кардаму ҳамватани худамро задам, куштам, берун кардам ва муҳоҷир кардам. Модоме ки истиқлолият чизи хуб аст, пас ҳамааш бояд аз ман бошад ва дигарон ҳақ надоранд.”- афзуд ӯ.
Муҳиддин Кабирӣ қайд кард: "Шахсоне, ки барои истиқлолият мубориза бурданд ва саркӯбу муҳоҷир шуданд, дигар дар бораи истиқлолоият ҳаққи гап задан надоранд. Онҳо дар маъракаву ҷашнҳо дигар беруни дар ҳастанд ва истиқлолият моли як гурӯҳ шудааст. Бигзор чунин ҳам бошад, вале фаромӯш накунанд, ки ин миллат ҳамааш дар якҷоягӣ соҳиби ин давлат аст. Дуруст аст, ки имрӯз як гурӯҳ дар қудрату мансаб ҳастанд ва фардо каси дигар хоҳад буд, оне ки абадист Ҳақ субҳонаҳу Таъоло ва адолату ҳақиқат аст. Инҳо ҳама абадиянду дигар ҳама зоҳиру раванда аст. Пас меарзад, ки ба хотири он мақому мансаби мувақатӣ мо якдигарро нороҳату саркӯб кунему душман битарошем?”




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста