- Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Рапил Жошибоев изҳор намуд, ки таъсиси консорсиуми минтақавии обиву энергетикӣ ба ҳалли мушкилоти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ имкон фароҳам месозад, - иттилоъ додааст хабарнигори BNews.kz дар Душанбе.
«Қазоқистон ба баррасии пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон оид ба иҷрои корҳои пудратӣ дар доираи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун омода аст ва таъсиси консорсиуми зикршударо мувофиқи мақсад мешуморад», - иброз доштааст ӯ зимни сафар ба пойтахти Тоҷикистон.
Муовини вазир бори дигар Тоҷикистонро ба ҳамроҳшавӣ ба хартияи «Пули сабз» даъват кард, ки дар Конфронси СММ оид ба рушди устувор маъқул шуморида шуда, ҳадафҳои он бо вазифаҳои асосии барнома бо ташаббуси раҳбарияти Тоҷикистон оид ба истифодаи гидроэнергетикаи аз нигоҳи экологӣ тоза, ҳифзи муҳити зист ва корбарии технологияҳои нав созгор аст.
Жошибоев омодагии мусоидат ба Тоҷикистон ба ҳамроҳшавӣ ба Созмони исломии амнияти озуқувориро тасдиқ намуд, ки аз рӯи натиҷаҳои иҷлосияи 38-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ дар Остона (28-30 июни соли 2011) қабул шуда буд. Ғайр аз ин, ӯ иттилоъ дод, ки Қазоқистон ба пардохти аъзоҳаққии Тоҷикистон ба ин созмон дар муддати се сол низ омода аст.
Қобили зикр аст, ки Жошибоев ҷиҳати баррасии дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои омодагӣ ба намоишгоҳи «ЭКСПО», ки соли 2017 дар Остона доир мегардад, ба Душанбе ташриф овард. Зимни сафар ӯ бо муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ Парвиз Давлатзода ва раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дидору гуфтушунид кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста