Сабти номзади расмани пешбаришудаи муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ), доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Конибодом бидуни ҳеҷ асосе аз ҷониби комиссия интихоботии маҳаллӣ ба дарозо кашида мешавад.
ШокирҷонҲакимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар суҳбат бо ӯ раиси комиссияи интихоботии ҳавзавӣ изҳор доштааст, ки дар масъалаи сабти номзадии ӯ аз Душанбе дастурро интизоранд. «Мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ дар масъалаи сабти номзадҳо ба вакилӣ ба КМИР Тоҷикистон ҳисоботдеҳ нестанд», - қайд кард Ҳакимов.
Муовини раиси ҲСДТ зикр кард, ки ин ҳолат ба кори гурӯҳи пешазинтихоботии ӯ монеъа эҷод намуда, ба баргузории вохӯриҳо бо интихобкунандагон ва шарҳу тавзеҳи барномаи пешазинтихоботиаш ба онҳо имкон намедиҳад.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бесарусомонӣ дар масъалаи сабти расмии Ш.Ҳакимов, бинобар сабаби муроҷиати раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров оид ба муваққатан даст кашидан аз иштирок дар интихоботи парлумонӣ ба вуҷуд омад.
«Ахири ҳафтаи гузашта ҲСДТ қарори худро бекор намуда, изҳор дошт, ки дар интихобот ширкат меварзад. Санаи 2 феврал рӯйхати ҳизбии ҲСДТ расман сабт шуда, санаи 3 феврал КМИР ба комиссияҳои ҳавзавӣ дастур фиристод, ки номзадҳои ҲСДТ аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ба қайд гирифта шаванд. Агар ҳамаи ҳуҷҷатҳои Ш.Ҳакимов омода бошанд, аллакай имрӯз номзадии ӯро ба қайд мегиранд», - гуфт ӯ.
Номбурда хотиррасон кард, ки сабти расмии номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз ҳавзах якмандатии интихоботӣ то 9 феврал идома меёбад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста