Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби шахсони воқеъӣ дар соли гузашта ба таври назаррас коҳиш ёфт.
Бино ба маълумоти намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, соли 2014 тариқи низоми бонкӣ (қариб нисфи маблағҳо тавассути филиалҳои «Агроинвестбонк» дар вилоят) шахсони воқеъӣ аз хориҷи кишвар ба ВМКБ ҳудуди 50 млн. доллари ИМА маблағи пулӣ интиқол додаанд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2013 ба миқдори 9 млн. доллари ИМА камтар аст.
Раҳбарияти филиали «Агроинвестбонк» дар вилоят зимни нишасти хабарӣ дар Хоруғ дар ин робита изҳор намуд, ки соли 2014 ҳаҷми умумии маблағҳои пулии аз ҷониби шахсони воқеъӣ интиқолдодашуда наздики 25 млн. доллари ИИА-ро ташкил додааст, ки аз ҳаҷми соли 2013 ба андозаи 4 млн. доллари ИМА камтар мебошад.
Коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба ВМКБ тариқи низоми бонкӣ ба вилоятро ба таҳримҳои иқтисодии Ғарб нисбати Русия, ки муҳоҷирони кории вилоят асосан дар ин кишвар машғули коранд, нисбат медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, солҳои ахир сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ оид ба ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз хориҷи кишвар аз ҷониби шахсони воқеъӣ маълумоти кофӣ намедиҳанд.




Натиҷагирӣ аз марҳалаи дуввуми лоиҳаи тақвияти ҳамкории котибони матбуотӣ бо рӯзноманигорон
Оғози сабтиноми довталабон дар Маркази миллии тестӣ. Дар куҷо метавон ҳуҷҷат супорид ва бақайдгирӣ чанд пул аст?
Беш аз 300 бурсия барои таҳсили ройгон дар хориҷа. Чӣ гуна тариқи “Дурахшандагон” метавон таҳсил кард?
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 35
Омор зидди ҳамён. Даромади аҳолии Тоҷикистон зиёд мешавад, вале сифати зиндагӣ беҳтар не
Хатсайри нав дар масири Душанбе-Истанбул ва баръакс. Замони парвозҳо кай ва арзиши билет чанд аст?
Содирот аз Тоҷикистон афзуда, воридот ҳам суръат мегирад. Кадом молу маҳсулот бартарият доранд?
Миёни Душанбе ва Тошканд хатсайри автобус роҳандозӣ шуд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" маркази логистикӣ бунёд мешавад
Рустам Ятимов гаронарзиштарин дарвозабон дар Осиёи Марказӣ ва шашумин дар қора шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста