Ду муовини ёвари Котиби давлатии ИМА Даниэл Розенблум ва Стивен Фелдштейн рӯзҳои 5 то 8-уми феврали соли ҷорӣ ба Душанбе ташриф меоранд.
Тавре аз бахши иттилоооти сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, дар доираи сафари мазкур бархе аз масоили дуҷониба ва байналмиллалӣ бо намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд. Инчунин вохӯрии онҳо бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назар аст.
Гуфта мешавад, Даниэл Розенблум муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Департаменти давлатӣ мебошад. Даниэл Розенблум дар Бюрои Департаменти давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ фаъолият намуда, маъсули сиёсати ИМА ва муносибатҳои дипломатӣ бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз қабили Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мебошад.
Зимнан зикр мегардад, ки Стивен Фелдштейн муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат мебошад. Стивен Фелдштейн масъул оид ба масоили меҳнати байналмилалӣ ва озодии динии байналмилалӣ мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста