Дар ноҳияи Данғара 11 номзади ноҳиявии ҳизб, аз ҷумла муаллими раиси ҷумҳури кишвар ҷиҳати ноодилона сабти ном накардани ишон ба Суди ноҳияи Данғара муроҷиат карданд.
Тибқи иттилоъи сомонаи расмии ҲНИТ бо истинод ба масъулини бахши ҳизб дар ноҳияи Данғара, 11 номзади ноҳиявии ҳизб дар ин ноҳия, ки ба хотири нагузаштан аз имтиҳони забони давлатӣ сабти ном нашуда буданд, ба хотири таҷдиди назар дар ҳукми Комиссияи интихоботӣ оиди сабти ном нашудани онҳо ба суд муроҷиат карданд.
Гуфта мешавад, аз ҷумлаи 11 номзаде, ки ба суд муроҷиат карданд, Камолов Хол, муаллими раиси ҷумҳури кишвар ҳам шомил мебошад.
Зимнан зикр мегардад, ки то ба имрӯз 3 номзади вилоятӣ ва 11 номзади ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Данғара сабти ном шуданд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29 январ дар ноҳияи Данғара 22 номзади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар имтиҳони забон, ки аз тарафи ҳавзаи маҳаллии интихобот бо ширкати мутахассисони забон аз шуъбаи маорифи ноҳия баргузор гардид, ширкат карданд ва аз ҷумлаи 22 номзад 10-тои онҳо бо шумули Камолов Хол, муаллими Эмомалӣ Раҳмон ноком шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста