Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ ҷаноби Сароҷ Кумар Ҷҳа рӯзҳои 3-5-уми феврали соли 2015 аз Тоҷикистон боздид намуд.
Дар иттилоияи намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ дар ин робита зикр мегардад, ки ҷаноби Ҷа бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазорату ташкилотҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати муҳокимаи лоиҳаҳои ҷорӣ ва тарҳрезишудаи Бонки ҷаҳонӣ, ки ба мусоидат намудан ба сатҳи баланди зиндагӣ барои мардуми Тоҷикистон равона карда шудаанд, вохӯриҳо анҷом дод.
«Бинобар тағйирёбии вазъият дар хориҷи кишвар, рушди иқтисодиёти Тоҷикистон суст мегардад ва осебпазирии он аз ин таконҳо афзоиш меёбад, - қайд намуд ҷаноби Сароҷ Кумар Ҷа. - Мо бо ҳамкорони худ дар ҳукумати ин мамлакат масъалаҳои марбут ба роҳу воситаҳои дастгирии Тоҷикистонро аз ҷониби Гуруҳи БҶ дар бахши ҳифзи хонаводаҳои камбизоат ва беҳсозии идоракунии макроиқтисодӣ, фароҳам овардани шароити созгор барои соҳибкорӣ ва таҳкими бахшҳои давлатӣ ва молиявӣ мавриди муҳокима қарор додем».
Гуфта мешавад, афзоиши воқеии ММД дар Тоҷикистон дар соли 2014 суст гардида, 6,7 фоизро ташкил дод ва буҳрони шадиди иқтисодӣ дар Русия ба дурнамои рушд ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар соли 2015 таъсири манфии худро мерасонад.
Мутобиқи ҳисоботи охирини Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони «Дурнамоҳои иқтисодии глобалӣ», пастравии шадид ё худ мунтазами нарху навои маҳсулот ё коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз Русия, ки сарчашмаи асосии интиқоли маблағ ба минтақа ба ҳисоб меравад, барои кишварҳои ИДМ хавфҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд ва хусусан Тоҷикистон аз ин гуна таконҳо осебпазир аст.
Зимнан зикр мегардад, ки Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ менамояд, ки дар соли 2015 рушди иқтисоди Тоҷикистон, то ба 4,2 фоиз коҳиш меёбад.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2026
"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста