Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Шодӣ Шабдолов дар робита ба интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ изҳор намуд, ки вазифаи асосии иштироки ҲКТ дар интихоботи мазкур дар он ифода меёбад, ки ба интихобкунандагон ба таври дастрасу фаҳмо тафовутҳои усулии муқаррарароти асосии платформаи коммунистон аз платформаи аҳзоби дигарро шарҳу тавзеҳ додан зарур аст.
Ба гуфтаи ӯ, миёни интихобкунандагон ақидае роиҷ аст, ки барномаи пешазинтихобтии ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ яксон мебошанд, яъне ҳадафи ҳамаи онҳо аз дастрасу ройгон кардани бахши маорифу тандурустӣ ва решакан кардани коррупсия дар ин соҳаҳои иҷтимоӣ, таъмини музди меҳнат ва нафақаи шоиставу арзанда иборат аст, ки воқеъан ҳам ҳама хостори онанд.
«Вале ин ҷо сари роҳу воситаҳои ҳалли ин мушкилот сухан меравад. Ба ҷуз ҲКТ, ҳеҷ касе ошкоро намегӯяд, ки дар чаҳорчӯби иқтисоди бозаргонии ҳозира, яъне дар доираи капитализм куллан ҳал шудани мушкилоти зикршуда ғайриимкон аст, ин ҷо метавон танҳо азияти мардуми заҳматикашро каме сабук кард», - иброз дошт Шабдолов.
Раиси ҲКТ бар ин назар аст, ки ҳимояти комили иҷтимии мардуми заҳматкашро танҳо сохти сотсиалистӣ таъмин карда метавонад. «Аз ин рӯ, ҲКТ ба интихобкунандагони худ роҳу воситаҳои воқеъан имконпазир дар доираи иқтисоди бозорӣ – сабук кардани азияти қишри бештар камбизоати заҳматкашонро ваъда медиҳад. Дар парлумон ин танҳо замоне имконпазир хоҳад буд, ки агар президент, ҳукумат, ҲКТ ва аҳзоби дигар хостори он бошанд», - афзуд Шабдолов.




Оғози сабтиноми довталабон дар Маркази миллии тестӣ. Дар куҷо метавон ҳуҷҷат супорид ва бақайдгирӣ чанд пул аст?
Беш аз 300 бурсия барои таҳсили ройгон дар хориҷа. Чӣ гуна тариқи “Дурахшандагон” метавон таҳсил кард?
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 35
Омор зидди ҳамён. Даромади аҳолии Тоҷикистон зиёд мешавад, вале сифати зиндагӣ беҳтар не
Хатсайри нав дар масири Душанбе-Истанбул ва баръакс. Замони парвозҳо кай ва арзиши билет чанд аст?
Содирот аз Тоҷикистон афзуда, воридот ҳам суръат мегирад. Кадом молу маҳсулот бартарият доранд?
Миёни Душанбе ва Тошканд хатсайри автобус роҳандозӣ шуд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" маркази логистикӣ бунёд мешавад
Рустам Ятимов гаронарзиштарин дарвозабон дар Осиёи Марказӣ ва шашумин дар қора шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 феврали соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста