Канслери Олмон Ангела Меркел бо Президенти Фаронса Франсуа Олланд бо як сафари ғайриинтизори сулҳҷӯёна вориди Украина шуданд. Онҳо дар шаҳри Киев бо президенти Украина Петр Порошенко мулоқот анҷом намуда, вазъи кунунии ин кишвари ҷангзадаро мавриди баррасӣ карор доданд.
Бино ба иттилои торнамои расмии телевизиони «Ҷаҳоннамо», ҳамакнун имрӯз онҳо ҷиҳати мулоқот бо Владимир Путин озими Федератсияи Россия мешаванд.
Гуфта мешавад, роҳбарони воломақоми Франсия ва Олмон иброз доштаанд, ки барои хотима гузоштан ба задухӯрдҳои мусаллаҳона дар Донбасс ва Донеск пешниҳоди нав дошта, муътақиданд, ки пешниҳодашон ҷонибҳои даргирро қонеъ гардонида метавонад.
Зимнан зикр мегардад, ки нимаи аввали рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри дар шаҳри Киев зимни вохӯрӣ бо Президенти Украина изҳор дошт, ки хостори ҳалли мусолиматомези дипломатии ҷонибҳои даргир аст.
Котиби давлатии ИМА аз Украина ба Брюссел сафар кард. Дар Брюссел намояндагони воломақоми кишварҳои аъзои НАТО масъалаи даргириҳо дар Украина ва роҳҳои хотима гузоштан ба нофаҳмиҳоро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста