Дар толори маҷлисгоҳи Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ бо иштироки намояндагони ширкатҳои машғул ба омӯзиши геологӣ дар ҷумҳурӣ маҷлиси навбатии васеъи машваратии Саридораи геология доир гардида, дар он масъалаи «Ҳисоботи ширкатҳо оид ба рафти иҷрои корҳои иктишофию геологӣ дар соли 2014 ва нақша барои соли 2015» баррасӣ карда шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Саридораи геологияи ҶТ, дар маҷлиси машваратӣ сардори Саридора, муовинон, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва намояндагони 16 Ширкати ватанию хориҷӣ, аз ҷумла
ҶСК «Газпром», ҶХ ММ «Бохтар Оперейтинг Компании Б,В», ҶДММ «Сомон Ойл», ҶДММ «ЭдгоЭнерҷи СА», ҶММ КМ «Зарафшон», ҶДММ «Ширкати куҳи саноатии Тоҷикистону Чин», ҶММ ТА «КМ Анзоб», ҶДММ «Апрелевка», ҶСК «Tebian Electric», ҶДММ «Қулла», ҶДММ «Заринк», РММ «С.А.Минералс», ҶДММ «Сарват», ҶДММ «Камароб», ҶДММ «Бунёд А+А», ҶДММ «Эксимком» ширкат варзиданд.
Гуфта мешавад, дар оғози маҷлис сардори Саридора Мурод Ҷумъазода Хол ба ҳозирин изҳор намуд, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон гуфта мешавад, «дар шароити имрӯза аз худкунии самаронку оқилонаи захираҳои қаъри замини ҶТ, маблағузорӣ барои истихроҷ ва коркарди маъдан, ичунин корҳои ҷустуҷӯиву геологӣ ва иктишофи конҳои нав тавассути ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими рушди соҳаи саноат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, хусусан ташкили ҷойҳои нави корӣ маҳсуб меёбад. Барои ин, зарур аст, ки ҷиҳати тавқият бахшидан ба ҷараёни тадбиқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва ба таври наззаррас зиёд намудани саҳми сармоягузории мустақими хориҷӣ чораҳои иловагӣ андешида шаванд».
Зимнан зикр гардид, ки имрӯз дар ҳудуди мамлакат 21 ширкати ватанию хориҷӣ дар соҳаи нафту газ ба корҳои иктишофӣ, пармакунӣ, истихроҷ ва коркард машғул буда, аз ин рӯ, ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки масъалаи аз ҷониби ширкатҳои зикршуда иҷро гардидани шартҳои созишномавиро мунтаззам назорат карда, дар сурати иҷро нашудани шартҳои онҳо доир ба бозхонд кардани иҷозатномаҳо чораҳои дахлдор андешад.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки баъдан роҳбарияти ширкатҳои иштирокдошта аз фаъолияти соли 2014 ва нақшаҳои соли 2015 маълумот доданд.




Эътирофи мақомот: Аз се як ҳиссаи қарз аз барқ дар Тоҷикистон беасос аст
“Ҳамаро бо як ҷорӯб намерӯбем”. Раиси Кумитаи забон шарти ивази ҷойномҳоро гуфт
Кумаки мардуми Тоҷикистон ба сокинони Ғазза аз чӣ иборат буд?
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 33
“Ҳеҷ кас Наврӯзро “New Day” ё “Новый день” намегӯяд-ку”. Раиси Кумитаи забон шарти навишти тамғаҳои хориҷиро шарҳ дод
Оғози қабули имтиҳонҳои EPS-TOPIK дар Тоҷикистон барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 феврали соли 2026
Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста