Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба Осиёи марказӣ ҷаноби Сароҷ Кумар Ҷҳа рӯзҳои 3-5 феврали соли 2015 ба Тоҷикистон сафар кард. Ҷаноби Ҷа бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазорату ташкилотҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати муҳокимаи лоиҳаҳои ҷорӣ ва ба нақша гирифташудаи Бонки ҷаҳонӣ, ки ба мусоидат намудан ба сатҳи баланди зиндагӣ барои мардуми Тоҷикистон равона карда шудаанд, вохӯриҳо анҷом дод.
Дар иттилоияи намояндагии БҶ дар ҶТ дар ин робита зикр мегардад, ки Ҷаноби Ҷа бо шарикон дар ҳукумат, ҷомеаи рушд ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳҳои аз байн бурдани таъсири эҳтимолии коҳишёбии суръати рушди иқтисодиро ба мардуми Тоҷикистон тавассути лоиҳаҳои амалкунанда ва ба нақша гирифташуда мавриди муҳокима қарор дод.
Маблағгузории иловагӣ дар ҳаҷми 12 миллион доллари ИМА дар чорчӯбаи лоиҳаи мавриди иҷро бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Лоиҳаи дуюм оид ба шуғли аҳолӣ барои рушди босуботи соҳаи кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон” (PAMP-II) имкон фароҳам меоварад, ки иловатан 12,000 ҷойи нави кори муваққатӣ таъсис дода шуда, инфрасохтори муҳими объёрӣ ва заҳбурӣ барқарор карда шаванд. Лоиҳаи нав оид ба даромаднок гардонидани соҳаи кишоварзии Тоҷикистон деҳқононро бо таъмини қарз ва грантҳо барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ дастгирӣ хоҳад кард.
Грант ба маблағи 13,5 миллион доллари ИМА барои Лоиҳаи рушди хоҷагии коммуналӣ захираҳои молиявиро аз як қатор шарикони рушд барои афзоиш додани сармоягузориҳо дар бахши хадамоти мунисипалӣ ба монанди оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдоштӣ дар маҳал, идоракунии партовҳои сахт ва чароғҳои равшанкунандаи роҳҳо муттаҳид месозад. Маблағгузории иловагии 10 миллион доллари ИМА ба лоиҳаи амалкунандаи Беҳсозии хадамоти тандурустӣ ба такмили саломатии модар ва кӯдак тавассути тавсеа бахшидан ба роҳу равишҳои ба натиҷа асосёфта мусоидат мекунад.
Лоиҳаи нав ба маблағи 15 миллион доллари ИМА оид ба Таҳсилоти олӣ ба таҳкими системаи таҳсилоти олӣ ва баланд бардоштани дараҷаи мутобиқати барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат равона карда шудааст. Барнома дар соҳаи энергия дар фасли зимистон ҳам дар нақша гирифта шудааст. Ғайр аз ин, ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ силсилаҳои эҳтимолӣ ва нави маблағгузории сиёсати рушдро барои дастгирии барномаи ислоҳот ба мақсади таҳкими тобоварии Тоҷикистон ба фишорҳо ва эҷоди замина барои рушди фарогир ва эҷоди шуғл баррасӣ мекунанд.
“Бо додани афзалият ба лоиҳаҳое, ки ба таъсиси ҷойи кор, ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди минтақаи деҳот равона карда шудаанд, мо ба он умед мебандем, ки таъсири пастшавии суръати рушди иқтисодӣ дар минтақаро ба аҳолии Тоҷикистон сабук гардонем”, - гуфт Патрисиа Виверс-Картер, Роҳбари кишварии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон. - Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки сармоягузориҳои мо дар соҳаи маориф, тандурустӣ, инфрасохтори мунисипалӣ ва энергетика ба фароҳам овардани шароити муносиб барои оилаҳои шаҳру деҳот равона карда шудаанд”.
Ҷузвдони фаъоли Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ 12 лоиҳаро ба маблағи умумии 185,1 миллион доллари ИМА дар бар мегирад, ки ба дастгирии рушди иқтисодӣ тавассути рушди бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ ба хадамоти барои мардум муҳим, ба монанди таҳсилот, тандурустӣ, хадамоти мунисипалӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ равона карда шудааст.
Аз соли 1996 инҷониб Бонки ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон аз Ассосиатсияи байналмилалии рушд ва захираҳои фондҳои эътимод (траст фонд) ба маблағи 978 миллион доллари ИМА грант ва қарзҳои имтиёзнок таъмин кардааст. Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, ки дастгирии Тоҷикистонро идома бахшад, зеро ин кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ки зиндагии мардумро беҳтар гардонад ва ба амалишавии орзуҳои насли ҷавон ва наврас мусоидат намояд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста