Санаи 4 феврали соли 2015 дар Будапешт сафири Тоҷикистон дар Маҷористон (бо қароргоҳ дар Вена) Исматулло Насрединов ба Президенти Маҷористон Янош Адер Эътиборнома супорид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, пас аз маросими супоридани Эътиборнома мулоқоти Президенти Маҷористон (Венгрия) бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо аз сатҳу сифати муносибатҳои кунунии Тоҷикистону Маҷористон изҳори назар намуданд.
Дар рафти мулоқот дар баробари масъалаҳои дигар, аз ҷумла, зарурати фаъол намудани ҳамкориҳои гуногунсоҳаи тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар таъкид гардид. Инчунин Президенти Маҷористон оид ба масъалаҳои обу энергетика, вазъияти экологии минтақа, тағйирёбии иқлим ва хатари обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Президенти Маҷористон, дар иртибот ба ин мавзуъ, аз мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси Рио+20 таърихи 22 июни соли 2012 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузоргардида, ёдовар шуд.
Баъд аз анҷоми мулоқот бо Президент, Сафири Тоҷикистон ба “Майдони қаҳрамонон”-и шаҳри Будапешт ташриф оварда, ҳамчун нишони эҳтиром ба арзишҳои волои таърихӣ ва фарҳангии мардуми ин кишвар бар пояи муҷассамаи қаҳрамонон гулчанбар гузошт. Маросими гулчанбаргузорӣ бо иштироки афсарони горди фахрӣ сурат гирифт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста