Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати пайгирӣ аз ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки ба санаи 1-уми март таъин шудаанд, 44 нозир мефиристад.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳайати нозирони ИМА иборат аз 44 нафар рӯзи 9-уми феврал дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ расман ба қайд гирифта мешаванд.
Зимнан зикр гардид, ки то рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, 9-уми феврал КМИР Тоҷикистон дар маҷмӯъ 112 нафар намояндагони Дафтари институтҳои демократия ва ҳуқуқи башари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (ДИДҲБ/САҲА/), Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай ва ИМА-ро ба сифати нозирон расман сабти ном мекунад.
Додозода таъкид дошт, ки дар пайгирӣ (мониторинг)-и интихоботи парлумонии Тоҷикистон беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ аз созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ ва кишварҳои ҷудогона ширкат хоҳанд варзид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста