Зимни мулоқоти муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ёвари муовини котиби давлатии ИМА Даниэл Розенблюм дар Душанбе масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар мулоқот тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000 баррасӣ шуда, ҷонибҳо зикр карданд, ки ин лоиҳа ояндадор ва сердаромад буда, иқдоми мазкур дар самти таҳкими ҳамкориҳо дар минтақа муҳиму саривақтӣ аст. «Дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масъалаи дурнамои сохтмони нерӯгоҳи Роғун табодули назар сурат гирифт», - қайд мешавад дар хабари котиботи Вазорати молияи ҶТ.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаи марбут ба таъсири таҳримҳои ҷоришуда нисбати Русия ба иқтисоди Тоҷикистон низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аҳамияти амалисозии барномаҳои пешбинишуда ва зарурати ҳамоҳангсозии муносибатҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд, Хазинаи байнулмилалии асъор ва дигар созмонҳову ниҳодҳои байнулмилалиро таъкид намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста