Лоиҳаи нави Ташкилоти озуқа ва кишоварзӣ (ФАО) оид ба  ҷорӣ ва васеъ паҳн намудани стратегияи муборизаи якҷоя бар зидди  касаливу заррарасони боғу зироатҳои аввалиндараҷаи саҳроӣ дар Тоҷикистон имрӯз ба кори худ оғоз намуд.

Тавре аз намояндагии ФАО дар ҶТ хабар доданд, Ташкилоти ФАО барои татбиқи лоиҳаи мазкур $400 ҳазор доллари ИМА ҷудо намуд, ки ин маблағ барои дар амал татбиқкунии технологияҳои нави мубориза бар зидди касаливу зараррасонҳо саҳм гузошта, давоми 2 сол  якҷоя бо Вазорати кишоварзии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

«Лоиҳа ба озмоиш ва татбиқи технологияҳои нави мубориза бар зидди касаливу зараррасонҳо дар шароити маҳаллии минтақаҳои махсуси Тоҷикистон равона карда шудааст. Дар ин минтақаҳо асосан меваҷоту сабзавот ва ғалладонагиҳо васеъ парвариш мешаванд, ки аҳамияти махсуси иқтисодӣ доранд. Барои ҷорӣ намудани технологияҳои нави мубориза бо касаливу заррасонҳо дар чорчӯбаи лоиҳа барои деҳқонон барномаҳои таълимӣ тартиб дода шуда, савияи дониши онҳо такмил дода мешавад.  Татбиқи лоиҳа дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатии паҳн намудани таҷрибаи пешқадам ва дониши кишоварзӣ ба роҳ монда мегавад.», - гуфт Виорел Гутсу, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, амалигардонии лоиҳа барои таҳияи стратегияи давлатии васеъ паҳн намудани усулҳои нави мубориза бо касаливу зараррасони зироат, ки дар асоси иштироки  фаъоли деҳқонон, мубодилаи таҷриба ва омӯзиши экосистемаи маҳал амалӣ мешавад, нақшгузор хоҳад гардид.

«Лоиҳа ба таълими деҳқонони пешқадам, ки дар оянда ҳамчун мураббии ҳамкасбони худ кӯмак мерасонанд,  ташкили қитъаҳои таҷрибавӣ ва намоишии технологияҳои нав ва таҳияи нақшаву маводи омӯзишӣ диққати махсус медиҳад», - омадааст дар иттилоияи ташкилоти мазкур.

Зимнан зикр мегардад, ки барои татбиқи ин лоиҳа, танзими муносибатҳои шарикона байни деҳқонон, ҷамоатҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, идораҳои давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, Донишгоҳи аграрӣ лоиҳаҳои аз ҷониби саҳмгузорон ва шарикони рушд амалишаванда, ба нақша гирифта шудааст.

«Чорабиниҳои лоиҳа барои  деҳқонон ва аъзоёни оилаҳо онҳо, муҳаққиқон ва матахассисони идораҳои паҳнкунандаи донишу малакаи кишоварзӣ хеле муҳим мебошанд. Аз лоиҳа инчунин тамоми аҳолии деҳот, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатие, ки дар соҳаи кишоварзӣ  ва дар рушди деҳот корубаст доранд, баҳраманд мешаванд», - баён мегардад дар иттилоия.