Дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон вохӯрии ҳизбҳои сиёсӣ бо интихобкунандагон баргузор гардида, Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) қайд кард, ки мақсади асосии ширкати ҲАТ дар интихоботи қарибулвуқӯъ албатта соҳиб шудан ба курсиҳои бештар дар парлумони мамлакат ва мақомоти маҳалии намояндагӣ мебошад.
Тавре аз маркази матбуоти ҲАТ хабар доданд, алҳол 33 намояндаи ҲАТ ҳамчун номзад ба вакилии МН МО ҶТ, ҳамчунин 958 номзад ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба қайд гирифта шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ Рустам Лафтифзода иброз доштааст ки барномаи ҲАТ аз 7 бахш иборат буда, масъалаҳои муносибатҳои байналмилалӣ ва амнияти миллӣ, иқтисодиёт, сиёсати аграрӣ, иҷтимоиёт, ҳифзи оила, модар ва кӯдак, маънавиёт, сиёсати ҷавононро дар бар гирифта, ҲАТ ҳизби шаҳрвандоне мебошад, ки рушди Тоҷикистонро дар эҳёи деҳот ва рушди кишоварзии мамлакат мебинанд.
Гуфта мешавад, вобаста ба муҳим будани соҳаи аграрӣ дар Тоҷикистон мавсуф изҳор намудааст, ки таносуби маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ҳамавақт назаррас буд ва солҳои охир он мутаассил 21-23% -ро ташкил дода, аз дигар бахшҳои иқтисодиёт –энергетика, саноат, сохтмон, нақлиёт, хизматрасонӣ баланд аст ва бинобар ин, дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳоти кишвар самти аввалияти сиёсати давлатӣ бояд дониста шавад.
«Дар ояндаи наздик истеҳсол ва тиҷорати маводи озуқаворӣ ба як аслиҳаи пурқудрати муносибатҳои байналмилалӣ ва воситаи муассири фишорҳои сиёсии байни давлатҳо табдил мегардад. Мисоли равшани онро дар муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Америка бо Русия ва таъсири номатлуби ин муносибатҳоро ба иқтисодиёти кишварамон мо дида истодаем», - илова намудааст Рустам Латифзода.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста