Ба ҷуз Ҳизби халқии сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ), дигар ҳамаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон номзадҳои худ ба вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душунаберо пешбарӣ намуданд.
Раиси Комиссияи интихоботии шаҳри Душанбе Санавбар Раҳимова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба 70 курсии вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи пойтахт 161 нафар номзадҳо пешбарӣ шудаанд, ки 150 нафарашон расман ба қайд гирифта шуданд. «Сабаби рад шудани номзадии 11 нафари боқимонда ба аҳзоби сиёсии онҳоро пешбарикарда шарҳ дода шуд», - иброз дошт ӯ.
Ба иттилои номбурда, барои ишғоли курсиҳои вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Дущанбе намояндагони 7 ҳизб – ҲХДТ, ҲКТ, ҲСТ, ҲИИТ, ҲДТ, ҲАТ, ҲНИТ ва ҳамчунин ғайриҳизбиён рақобат хоҳанд кард, ки рӯйхати пурраи номзадҳо ояндаи наздик дар ВАО-и шаҳр чоп мешавад.
Зимнан зикр гардид, ки раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳавзаи интихоботии №25-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста