Зимни муаррифии гузориш дар бораи давраи гузариш ва пешгӯии иқтисодии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Душанбе санаи 9-уми феврал сариқтисодчии бонки мазкур оид ба Осиёи Марказӣ Агрис Прейманис иттилоъ дод, ки ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли гузашта тақрибан дар сатҳи соли 2013 боқӣ монд.
«Мо алҳол коҳиши босуръати ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулиро мушоҳида намекунем, вале буҳрон дар Русия дар ҳоли афзоиш аст ва шояд ин ҳолат давоми сол ба вуҷуд ояд», - иброз дошт номбурда.
Тибқи маълумоти БАТР, давоми 9 моҳи соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон 3 млрд. 16 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 1% (9 моҳи соли 2013 – 3 млрд. 45 млн. доллари ИМА) камтар аст.
Прейманис қайд кард, ки имрӯз иқтисоди Тоҷикистон ба интиқоли маблағҳои пулӣ зиёд вобаста аст ва «ҳукумати Тоҷикистон инро эътироф мекунад». «Барои кам кардани вобастагии иқтисоди кишвар аз интиқоли маблағҳои пулӣ рушди бахши дохилӣ зарур аст», - пешниҳод кард иқтисодчии БАТР.
Намояндаи бонк коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар соли 2015-ро пешгӯӣ карда, дар ҳамин ҳол шарҳ дод, ки ӯ «дар бораи комилан аз байн рафтани ин низом» ҳарф намезанад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста