Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) ба маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ 66 нафар номзад пешбарӣ намуд.
Раиси ҲИИТ, доктори улуми иқтисодӣ Олимҷон Бобоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 6 нафар ва аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ 12 нафар намояндагони ҳизб номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намондагон пешбарӣ шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, боз 48 нафар фаъолон аз ҷумлаи аъзои ҲИИТ дар маъракаи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳӣ ширкат меварзанд.
Дар идома ӯ қайд кард, ки айни замон ҲИИТ дар тамоми минтақаҳои кишвар ба паҳн кардани 15 ҳазор лавҳаҳои таблиғотӣ ва ҳудуди 7 ҳазор нусха нашрияи ҳизбии «Иқтисод ва ҳаёт» бо дарҷи барномаи пешазинтихоботии ҳизб машғул аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста