Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматулозода бо ноиби президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ҷаноби Киёши Кодера мулоқот орост.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, дар оғози вохӯрӣ ҷаноби Киёши Кодера Неъматулло Ҳикматуллозодаро барои ба мансаби вазир таъин шудан табрик намуда, сипас, аз мақсади мулоқоташ, ки баррасии фаъолияти JICA дар Тоҷикистон ва таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисоди кишвар мебошад, ибрози назар намуд.
Гуфта мешавад, Н.Ҳикматуллозода дар навбати худ аз густариши ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон, алалхусус дар самти Агентӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Зимнан зикр мегардад, ки тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан муфид, таҳияи Стратегияи нави JICA барои Тоҷикистон, вазъи иқтисоди кишвар ва омилҳои рушди устувори он, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва татбиқи барномаҳои муштарак аз мавзуъҳои дигари мулоқоти дуҷониба буданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста