Аз оғози соли равон ҳаҷми қарзи ширкати «Барқи тоҷик» назди ҶСК «НБО Сангтӯда-1» қариб боз 15 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,8 млн. $) афзуд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҶСК «НБО Сангтӯда-1», айни замон қарзи ширкат назди нерӯгоҳ дар маҷмӯъ ба 454,1 млн. сомонӣ (беш аз 84 млн. $) расидааст.
Қобили зикр аст, ки аввали соли равон маблағи қарзи ширкат назди нерӯгоҳ 439,5 млн. сомониро ташкил дода буд.
Раиси ширкати «Барқи тоҷик» Раҳматзода Рустам Мирзо зимни нишасти хабарии соли равон дар ин робита изҳор намуда буд, ки соли гузашта ширкат 82,3 млн. сомонӣ қарзи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»-ро пардохт намуда, мувофиқа ҳосил шудааст, ки «Барқи тоҷик» ҳар моҳ ба ин нерӯгоҳ дар ҳаҷми 15 млн. сомонӣ маблағи қарзҳоро пардохт мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста