Комиссияҳои ҳавзавии интихоботии Тоҷикистон 185 нафар шаҳрвандони кишварро расман номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба қайд гирифтанд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ дар маҷмӯъ 212 нафар номзадҳо пешбарӣ шуда буданд, вале 27 нафари онҳо ё номзадии худро бозпас гирифтаанд ва ё ба комисияҳои интихоботӣ ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накардаанд.

«Аз 185 нафар номзадҳои расман сабтшуда 80 нафарашон тариқи худпешбарӣ ва 105 нафарашон аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ пешбарӣ шуда, аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ 32 нафар занон низ барои курсии вакилӣ рақобат мекунанд», - иброз дошт ӯ.

Ҳамин тариқ, ба 63 курсӣ дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 288 нафар номзадҳо довталабӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ 22 нафар вакил ба палатаи поёнии парлумон интихоб мешавад. Аз ҳавзаи мазкур КМИР Тоҷикистон 103 нафар номзадҳоро ба қайд гирифт.

Аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ 41 нафар вакил ба падатаи поёнии парлумон интихоб мешавад. Аз ин ҳавза КМИР Тоҷикистон 185 нафар довталабон ба курсии парлумониро сабти ном кард.