Рӯзи чоршанбе раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба журналистон тасдиқ намуд, ки яке аз таппончаҳои дар манзили шаҳрванд Латиф Сардоров дарёфтшуда аз ҷониби кормандони КДАМ ҳақиқатан ҳам ба узви КМИР Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Маҳмудов тааллуқ дорад.
Ба қавли Кабирӣ, ин силоҳ ба Маҳмудов замони ҷанги шаҳрвандӣ, ҳангоме ки ӯ зеркомиссияи назорати оташбас аз ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷикро роҳбарӣ мекард, дода шуда буд.
«Соли 1996 Маҳмудов таппончаро барои нест кардан ба ҳамдиёри худ Латиф Сардоров дод. Ӯ дар навбати худ силоҳро дар ҳавлиаш пинҳон намуд. Баъди 17 сол, ахири соли 2013 миёни соҳиби манзил ва ҳамсараш муноқиша сар зада, зан ба хотири интиқом дар бораи нигаҳдории аслиҳа дар ҳавлӣ ба мақомоти милиса хабар дод. Кормандони милиса ба ҳавлӣ омада, Л.Сардоров маълумоти нигаҳдории аслиҳаро тасдиқ кард. Аммо кормандони ба ҳавлӣ ҳозиршудаи КДАМ аз кормадони милиса дархост карданд, ки аслиҳаро ҳамин тавр пинҳону зери замин гӯршуда боқӣ гузоранд», - ҳикоят кард Кабирӣ.
Раиси ҲНИТ илова намуд, ки дар бораи таппончаи дуюми дар ҳавлии манзили зисти Сардоров дарёфтшуда ҳеҷ огаҳие надорад.
Ёдрас мекунем, ки имрӯз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи боздошти узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон аз ҲНИТ барои ғайриқонунӣ нигаҳдории силоҳ изҳорот интишор кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста