Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ созишномаи сармоягузорӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Huaxin Cement Co., LTD» дар бораи сохтмон ва ба истифода додани хатҳои дуюм ва сеюми лоиҳавии корхонаи сементбарорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва қаламрави минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро тасдиқ кард.
Зимни шарҳи созишнома ба вакилон муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Лочин Файзуллозода изҳор дошт, ки баҳри амалисозии созишномаи мазкур дар ҳаҷми беш аз 250 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст.
«Иқтидори корхонаи оянда дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров истеҳсоли 1 млн. тонна семент ва корхона дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» истеҳсоли 1,2 млн. тонна семент дар як солро ташкил дода, беш аз 1 ҳазор шаҳрвандони кишвар бо ҷойҳои корӣ дар ин корхонаҳо таъмин хоҳанд шуд», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи директори корхонаи «Хуаксин-Ғаюр-Семент» Акбар Ғуломов, ҳиссаи Тоҷикистон дар лоиҳа дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 30% ва минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба 45% баробар аст.
Ғуломов мутмаин аст, ки амалисозии лоиҳаҳои мазкур ба рушди иқтисоди миллӣ ва афзоиши даромад ба буҷети ҷумҳурӣ мусоидат мекунад. «Масалан, аз ҳисоби ҳамаи навъҳои андоз аз фаъолияти корхонаи «Хуаксин-Ғаюр-Семент» дар ноҳияи Ёвон соли 2014 ба буҷети давлатӣ 130 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид», - зикр кард ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста