Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати туркии «Кока-Кола- Ичечек А. С» оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботиро баррасӣ ва тасдиқ намуд.
Зимни шарҳи созишнома ба вакилон муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Лочин Файзуллозода изҳор дошт, ки баҳри амалисозии созишномаи мазкур дар ҳаҷми 50 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст.
Ба қавли Файзуллозода, дар марҳилаи аввали амалисозии лоиҳа ҳаҷми маблағгузорӣ 30 млн. ва дар марҳилаи дуюм – 20 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, иқтидори корхона ба истеҳсоли 100 млн. литр маҳсулоти ғайримашруботӣ дар як сол баробар хоҳад буд.
Муовини аввали вазир ҳамчунин қайд кард, ки амалисозии лоиҳа моҳи майи соли 2015 дар Душанбе оғоз гардида, марҳилаи аввали сохтмони он ахири соли оянда ба итмом мерасад.
Зимнан зикр гардид, ки давоми панҷ соли аввал баъди ба истифода додани корхона аз ҳисоби пардохти ҳамаи навъи андозҳо ба буҷети давлатӣ 20 млн. доллари ИМа маблағ ворид гардида, 120 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ҷойҳои домии корӣ таъмин карда мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста