Гурӯҳи аввали ҳайати нозирони интихоботи парлумонӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таҳти сарварии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун имрӯз, 12-уми феврал ба Душанбе ташриф меорад.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки гурӯҳи асосии нозирони ИДМ, ки онро раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев роҳбарӣ мекунад, наздикиҳои санаи баргузории интихобот ба Душанбе меоянд.
«Ҳайати нозирони интихоботи парлумонӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) санаи 13-уми феврал ба кор шурӯъ намуда, фаъолияти худро 2-юми март ба итмом мерасонад», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки то имрӯз КМИР Тоҷикистон дар маҷмӯз 131 нафар намояндагони Дафтари институтҳои демократия ва ҳуқуқи башари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (ДИДҲБ/САҲА/), Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай, ИМА, ИДМ ва Туркманистонро расман ба сифати нозирони байнулмилалӣ ба қайд гирифтааст.
Додозода таъкид дошт, ки дар пайгирӣ (мониторинг)-и интихоботи парлумонии Тоҷикистон беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ аз созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ ва кишварҳои ҷудогона ширкат хоҳанд варзид.



"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста