Шоми 11-уми феврали соли 2015 дар шаҳри Душанбе 36-уми солгарди Инқилоби исломии Эрон ҷашн гирифта шуд.
Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ зимни табрик аз солгарди Инқилоби исломӣ гуфт: “Инқилоби исломии Эрон бо сарнагунии ҳукумати вобаста ва фосиди паҳлавӣ низоми мардумсолори ҶИЭ-ро ҷойгузини низоми салтанатӣ кард. Ва дар меҳани азизи мо собиқаи тамаддунии ҳазорсола таҳаввулоти шигифт ва пешрафтҳои ҳамаҷонибаву чашмгиреро эҷод кард”.
Фағонӣ ишора ба таҳримҳо алайҳи Эрон гуфт, новобаста аз се даҳаи таҳримҳои золимона, Эрон тавониста муқовитарин иқтисоди ҷаҳонро шакл диҳад ва нафақат ба пойи худаш биистад, балки қуллаҳои тараққиро яке пас аз дигареро фатҳ кунад.
Сироҷидин Аслов , вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни табрик аз сафири Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати солгарди Инқилоби исломӣ гуфт: “ То имрӯз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон беш аз сад санади муҳими ду ҷониба ба имзо расиданд. Сурату мазмуни тоза пайдо кардани ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, бунёди инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, тавлиди масолеҳи сохтумонӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ нишонаи возеҳи равобити муваффақони Тоҷикистону Эрон аст”.
Муъмин Қаноат , шоири шинохтаи тоҷик роҷеъ ба ҷойгоҳи Инқилоби исломӣ дар Эрон ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфт: “Агар Инқилоби исломӣ амалӣ намешуд шояд, ки Эрон аз рӯйи дидгоҳи кишварҳои арабию кишварҳои ҳамсояашон ба панҷ қисм таҷзия мешуд. Ин дар барномаҳои сафарҳои кишварҳои арабӣ мекардам ин барнома он ҷо тарроҳӣ шуда буд. Инқилоби исломӣ таҷзияи Эронро аз байн бурд ва якпорчагии Эронро нигоҳ дошт. Сиёсати имрӯзии Эрон сиёсати замони Имом Хумайнӣ ҳам нест, навтар аст”.
Инқилоби исломии Эрон ҳамасола дар давоми ҳафтаи аввали моҳи феврал (22 баҳман) ҷашн гирифта мешавад. 36 соли қабл дар пайи як инқилоб дар феврали соли 1979 дар Эрон тахти шоҳ Муҳаммадризо Паҳлавӣ сарнагун шуда, заминаи рӯи кор омадани низоми ҷумҳурии исломӣ ба роҳбарии Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ фароҳам гардид.




Эътирофи мақомот: Аз се як ҳиссаи қарз аз барқ дар Тоҷикистон беасос аст
“Ҳамаро бо як ҷорӯб намерӯбем”. Раиси Кумитаи забон шарти ивази ҷойномҳоро гуфт
Кумаки мардуми Тоҷикистон ба сокинони Ғазза аз чӣ иборат буд?
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 33
“Ҳеҷ кас Наврӯзро “New Day” ё “Новый день” намегӯяд-ку”. Раиси Кумитаи забон шарти навишти тамғаҳои хориҷиро шарҳ дод
Оғози қабули имтиҳонҳои EPS-TOPIK дар Тоҷикистон барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 феврали соли 2026
Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста