Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун мулоқот кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисоди ҶТ, дар оғоз сафир Неъматулло Ҳикматуллозодаро барои таъйин шуданаш ба вазифаи вазирӣ табрику таҳният намуда, изҳори итминон намуд, ки дар оянда низ ҳамкории Вазорат бо ниҳодҳои иқтисодии Чин ривоҷ хоҳанд ёфт.
Гуфта мешавад, дар навбати худ Неъматулло Ҳикматуллозода барои табрикот ва робитаҳои гуногунҷанбаи ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ миннатдорӣ изҳор намуд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ табодули назар намуданд.
Қобили зикр аст, ки айни замон Чин яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо аз 32 млн. $-и соли 2003 дар соли 2013 қариб ба 1 млрд. $ (тибқи омори Тоҷикистон) ё беш аз 2 млрд. $ (тибқи омори Чин) расид.
Ҳамчунин Чин тадриҷан ба сармоягузори асосии Тоҷикистон табдил меёбад. Тибқи асноди моҳи сентябри соли гузашта баимзорасида миёни кишварҳо дар Душанбе, давоми 3 соли оянда Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 6 млрд. $ маблағгузорӣ мекунад.
Ғайр аз ин, Чин қарздеҳи асосӣ ба Тоҷикистон ба шумор рафта, аввали соли равон маблағи қарзи Тоҷикистон назди Чин ба сурати умум 911 млн. $-ро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста