Дар остонаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) барномаи пешазинтихоботии худро бо теъдоди 150 ҳазор нусха ба нашр расонид.
Раиси ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки барнома ва платформаи ҳизб тибқи фармоиш дар саҳифаҳои нашрияи хусусии «Истиқлол» ба чоп расиданд, ки ба ин муносибат теъдоди чопи нашрия бамаротиб зиёд карда шудааст..
Ба гуфтаи Исмонов, дар интихобт ба палатаи поёнии парлумон ҲДТ 7 номзад пешбарӣ кардааст, ки 3 нафарашон тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 4 нафар аз ҳавзаҳои якмандатии итихоботӣ пешбарӣ шудаанд. «Ба сифати шахсони бовариноки номзадҳои ҲДТ 37 нафар фаъолони ҳизб ба қайд гирифта шуданд», - иброз дошт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки 68 нафар фаъолони ҲДТ ба ҳайси номзад ба вакилони маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳру навоҳӣ сабти ном шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста