Намояндагони васоити ахбори оммаи кишварҳои хориҷӣ, ки ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистонро инъикос карданианд, на дертар аз 23 феврал бояд дар Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба қайд гирифта шаванд.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки намояндагони всоити ахбори оммаи маҳаллӣ бидуни ба қайд гузоштан, танҳо бо пешниҳоди шаҳодатномаи журналистӣ метавонанд аз ҷараёни баргузории интихобот гузориш диҳанд.
«Дар маъракаи интихобот намояндагони ВАО-и хориҷӣ ва ватанӣ ба риояи ҳатмии Дастур оид ба иштироки намояндагони ВАО дар интихоботи Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо уҳдадоранд, ки моҳи майи соли гузашта аз ҷониби КМИР қабул шуд», - гуфт Додозода.
Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи меъёрҳои дастури зикршуда, намояндагони ВАО бо ҳуқуқҳои ҷустуҷӯ, ҷамъоварӣ ва паҳнкунии маълумот дар бораи ҷараёни интихобот дар Тоҷикистон таъмин карда мешаванд.
Зимнан зикр гардид, ки дар рафти интихобот ВАО фаъолияти худро дар доираи Конститутсияи ҶТ, қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ, дигар санадҳои ҳуқуқии байнулмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда ва дастури дар боло зикршуда амалӣ месозанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста