Имрӯз дар меҳмонхонаи “Шератон”-и ш. Душанбе семинари серӯзаи Тоҷикистон-Кувайт оид ба рушди туризми байналмилалӣ кори худро оғоз кард. Семинар бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар чаҳорчӯби семинар гузаронидани мизҳои мудаввар бо иштироки коршиносон ва намояндагони ширкатҳои туристии ҳар ду кишвар ва муаррифӣ таҳти унвони “Туризм дар Тоҷикистон – имконот ва заминаҳои нави ҳамкорӣ” ба нақша гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, семинар ба созмону ширкатҳои туристии Тоҷикистон дар барқарор намудани робитаҳо бо шарикон дар Кувайт ва дигар кишварҳои Халиҷи Форс ва амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак ва ташаккули маҳсулот дар самти туризм бо дарназардошти равандҳои замонавии рушди туризми байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Зимнан зикр мегардад, ки намояндагони Кувайт инчунин бо имкониятҳои марказҳои табобатӣ-тандурустӣ, муассисаҳои соҳибкорию тиҷоратии дорои осоишгоҳ ва тарабхонаҳо, ҷойҳои фароғатию дамгирӣ ва хизматрасониҳо дар Тоҷикистон шинос хоҳанд шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста