Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев изҳор дошт, ки муносибатҳои ин кишвар бо Ӯзбекистону Тоҷикистон номуайян боқӣ мемонанд. Дар ин бора ВАО-и Қирғизистон иттилоъ медиҳанд.
«Муносибатҳои мо бо ҳамсоякишварҳо – Ӯзбекистону Тоҷикистон номуайян боқӣ мемонанд. Бо назардошти тақвияти мавқеъи Русия дар минтақа, аз ҷумла иштироки он дар лоиҳаҳои гидроэнергетикии Қирғизистон, мавқеъи Тошканд дар робита ба қатъи муколамаи дуҷониба ва мутаваққиф сохтани интиқоли газ ба ҷануби ҷумҳурӣ баръало возеҳ гардид», - гуфтааст Абдилдаев зимни суханронии рӯзи 16 феврал дар Кумитаи умури байнулмилалии парлумони Қирғизистон.
Ба гуфтаи ӯ, дар навбати худ мушкилоти ҷойдоштаи марзӣ бо Тоҷикистон муносибатҳо миёни кишварҳоро давоми соли гузашта нисбатан муташанниҷ намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста