Имрӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шахсони дигари дахлдор машварати корӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат масоили вобаста ба таъмини фаровонии маводи ғизоӣ дар бозори истеъмолӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулот бо нархҳои дастрас, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, вусъат додани ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонию созандагӣ, таъмини кори мунтазами нақлиёти ҷамъиятӣ, ба роҳ мондани ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ, таъмини аҳолӣ бо газу барқ ва ҳифзи амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар арафа ва рӯзи интихоботи парлумонӣ баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, вобаста ба таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки аз ҳамин рӯз сар карда, ба аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳот аз соати 5- субҳ то 11-и рӯз ва аз соати 16:00 то соати 23:00, яъне 13 соатӣ барқ дода шавад. Таъкид гардид, ки минбаъд меъёри додани барқ ба аҳолӣ боз ҳам зиёд шудан мегирад.
Зимнан зикр мегардад, ки ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастур дода шуд, ки барои таъмини амният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи фазои орому осуда дар арафа ва рӯзи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ чораҳои муассир амалӣ намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста