- Тақдири Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва пешвои он Эмомалӣ Раҳмон бо тақдири кишвар ва мардум робитаи ногусастанӣ дошта, мо муътақидем, ки ба мо на аз рӯи ваъдаҳо, балки тибқи корҳои иҷрокардаамон баҳо медиҳанд», - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода.
«Мо, аъзои ҳизби сиёсии сершумортарин дар кишвар, ки дар сафҳояш беш аз 250 ҳазор нафарро муттаҳид мекунад, аз натиҷаҳои фаъолияти худ дар давраи аз интихоботи парлумонии соли 2010 то интихоботи соли равон қаноатмандем ва дар ҳамин ҳол, мавҷуд будани мушкилот дар кишварро, ки ҳалли онҳо дар барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ пешбинӣ шудааст, пинҳон карданӣ нестем», - қайд кард Фаттоҳзода.
Дар идома ӯ зикр кард, ки қабл аз интихобот ҲХДТ ваъдаҳои хушку холиву беасос намедиҳад ва ҳеҷ касеро даъват намекунад, ки ноогоҳона ба ҷонибдории ҳизб овоз диҳад.
«Таблиғоти ҲХДТ ин ҳамон кору амали он оид ба таъмини сулҳу субот дар кишвар, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи сиёсату илм ва фарҳанг аст. Баъзан дар ВАО моро ҳизби ҳоким ё ҳизби аксарияти парлумон ном мебаранд ва ин маънои онро дорад, ки дар зарфи 20-соли мавҷудияти худ ҲХДТ этимоди мардумро ба даст овардааст. Ҳеҷ яке аз муроҷиати шаҳрвандони кишвар ба қабулгоҳҳои ҳизбӣ, ки дар тамоми минтақаҳо амал мекунанд, бепосуху бетаваҷҷуҳ боқӣ намондааст ва ин намунаи хизмат ба мардум аст», - таъкид дошт муовини аввали раиси ҲХДТ.
Номбурда зикр кард, ки ҳадафи ҳама гуна ҳизби сиёсӣ расидан ба ҳукуматдорӣ аст, вале ҲХДТ аз ҷониби президенту ҳукумат ҳангоми аллакай сари мансаб қарор доштан таъсис дода шудааст. « Сабаби таъсиси ҳизби нави сиёсӣ дар соли 1994 пур кардани фазои холии сиёсӣ дар ҷумҳурӣ буд, чунки он замон аҳзоби сиёсӣ ба иллати ҷанг дар кишвар ва қашшоқии мардум миёни ҷомеа обрӯву нуфуз надоштанд. Мухолифати ғояи коммунистӣ ва исломи сиёсӣ Тоҷикистонро ба ҷанги бародаркуш оварда расонид, ки ин ҳолат бадбинии мардум нисбати ҳизбҳои он замон мавҷударо ба вуҷу д овард», - мутмаин аст муовини аввали раиси ҲХДТ.
«Имрӯз дар остонаи интихобот баъзе ҳизб ва ҳаракатҳо ба мардуми кишвар «биҳишти рӯйи замин»-ро ваъда медиҳанд, вале дақиқае ҳам андеша намекунанд, ки ба рушди сиёсат, иқтисод, дипломатия ва энергетика афроди ҳирфаиву соҳибтаҷриба мусоидат мекунанд, на авомфиребону ғайрикасбиён ва муллоҳо», - афзуд С.Фаттоҳзода.




Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”
Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?
Дар пойтахт озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?
Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд
“Дар буҷет чунин маблағи зиёд надорем...” Раиси вилояти Суғд сабаби ҳал нашудани мушкилоти шаҳраки Сайҳунро шарҳ дод
Даргирии навбатӣ миёни Покистон ва Толибон. Чаро онҳо ба хоки ҳамдигар ҳамла мекунанд?
“Tashkent Grand Slam 2026” имрӯз оғоз мешавад. Тоҷикистонро дар мсобиқот 17 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” дар Лондон баргузор шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 36
Нону гӯшту духтур. Дар Тоҷикистон пули оила бештар барои чӣ сарф мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста