Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон 185 шаҳрванди ҷумҳуриро аз ҳавзаи якмандатӣ ва 103 нафарро аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ сабти ном кардааст. Рӯзи 1-уми март шаҳрвандони Тоҷикистон аз 288 номзад 63 вакили палатаи поини парлумонро интихоб мекунанд. Барои шиносоӣ бо ҷараёни омодагӣ ба ин маъракаи сиёсӣ бо раиси Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён мусоҳиба анҷом додем.
Нахустин суоли мо ба шумори умумии ҳавзаҳою қитъаҳои раъйдиҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар рабт дошт.
Шермуҳаммади Шоҳиён: - Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар саросари кишвар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва ҳамчунин ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ барои иштироки ҳизбҳои сиёсӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон таъсис дода шудааст. Аз ҷониби Комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ дар саросари кишвар 3209 участкаи интихоботӣ ташкил карда шуд ва ҳамчунин бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷӣ дар назди намояндагиҳои расмии ҶТ дар давлатҳои хориҷӣ 35 участкаи интихоботӣ дар 27 давлати хориҷӣ ташкил карда шудаанд. Ва ин марҳила ба охир расидааст. Дар оянда на ҳавза ва на участкаи интихоботӣ ташкил карда намешавад. Тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон аз ҷониби комиссияҳои участкавии интихоботӣ рӯзи 12-уми феврали соли 2015 ба итмом расид, мувофиқи теъдоди тахминие, ки ба КМИР пешниҳод гардидааст, шумораи умумии интихобкунандагони мо зиёда аз 4 миллиону 300 ҳазор нафарро дар дохил ва хориҷи кишвар ташкил медиҳад.
“Азия-Плюс”: - Теъдоди умумии аъзои комиссияҳои интихоботӣ чӣ қадар аст?
Шермуҳаммади Шоҳиён: - Аъзои комиссияҳои интихоботӣ хеле зиёданд. Агар 3209 комиссияи участкавӣ дошта бошем, ҳайати ин комиссияҳо ба 7, 9, 11 нафар баробар буда, дар маҷмӯъ теъдоди онҳо аз 25 ҳазор нафар бештар аст.
“Азия-Плюс”: - Оё чанд нафар аз вакилони феълӣ барои дарёфти курсии вакилии Маҷлиси намояндагон, даъвати нав, мубориза хоҳанд бурд?
Шермуҳаммади Шоҳиён: - Дар маҷмӯъ, тибқи рӯйхат аз ҲХДТ 5 нафар, аз ҲНИТ ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 2 нафарӣ вакилони амалкунанда пешбарӣ шудаанд. Дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ аз ҲХДТ 9 нафари дигар пешбарӣ шудаанд. Дар маҷмӯъ, шумораи умумии вакилоне, ки фаъолият мекунанд, мумкин қариб то 20 нафар бошанд.
Тавре ки медонед, дар 41 ҳавзаи интихоботӣ 212 номзад пешбарӣ шудааст, ки аз ин шумора 108 нафар аз ҳизбҳои сиёсӣ мебошанд. Ҳамзамон 104 номзад ба тариқи худпешбарӣ ба комиссияҳои ҳавзавӣ пешбарӣ шудааст. Баъд аз анҷоми давраи бақайдгирии номзадҳо ба вакилии МНМО ҶТ маълум гардид, ки аз ин миқдор 185 нафар расман бо қарори комиссияҳои ҳавзавӣ ба қайд гирифта шуданд, ки дар муқоиса бо интихоботи соли 2010 теъдоди чунин номзадҳо 30 нафар зиёд аст.
Ҳизбҳои сиёсӣ 123 нафар номзад ба вакилӣ пешбарӣ карда буданд. Аз ҷониби КМИР 103 нафари онҳо ба қайд гирифта шуд. 20 нафар бо сабабҳои гуногун сабтином нашуданд. Як қисми онҳо ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод накарданд, як нафар бо сабаби он ки ҷинояти вазнин содир кардааст ва тафтишот идома дорад, ва як нафари дигар тибқи дархости худи ҳизб, ки ба кори дигар гузаштааст, аз рӯйхат хориҷ карда шуд ва ниҳоят 103 нафар ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса бо соли 2010 рӯйхати ҳизбӣ ҳам 30 нафар зиёд аст.
“Азия-Плюс”: - Оё баъд аз боздошти Ҷамолиддин Маҳмудов, намояндаи ҲНИТ дар КМИР чӣ нафаре кори ӯро идома хоҳад дод?
Шермуҳаммади Шоҳиён: - Нисбат ба узви КМИР Ҷамолиддин Маҳмудов парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, лекин ӯ аз узвияти комиссия хориҷ карда нашудааст. Ин масъала ба салоҳияти президенти ҶТ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дохил мешавад. Аз тарафи дигар, агар то ҳукми суд набарояд, мо ҳақ надорем гӯем, ки ин ё он шахс ҷиноят содир кардааст. Ҳоло тафтиш идома дорад. Ягон нафарро мо гирифтанӣ нестем, чунки оқибати парвандаи ҷиноятии оғоз кардашуда то кунун ҳал нашудааст. Аз тарафи дигар дар ҳайати КМИР, ки дар маҷмӯъ 15 нафар ҳастем, 14 нафари дигар фаъолият доранд. Ва аксар корҳоеро, ки ба зиммаи комиссия дар доираи талаботи қонунгузории интихоботӣ гузошта шудааст, мо амалӣ кардем. То рӯзи баргузории интихобот вақти хеле кам мондааст. Фақат давраи ташвиқоту тарғиботи намояндагони ҳизбҳои сиёсиву номзадҳо ба вакилӣ ва тақсим кардани хабарномаҳо дар бораи вақту ҷойи баргузории интихобот ҷараён дорад. Марҳилаи аз ҳама муҳим баргузор кардани овоздиҳӣ ва ҷамъбаст аст.
“Азия-Плюс”: - Теъдоди занони номзад чӣ қадар аст?
Шермуҳаммади Шоҳиён: - Аз рӯйхати ҳизбҳои сиёсие, ки мо ба қайд гирифтем, аз 103 номзад 25 нафар занон мебошанд. Ҳамзамон аз шумори 185 нафар номзаде, ки дар комиссияҳои ҳавзавии якмандатӣ ба қайд гирифта шудаанд, 32 нафар занон мебошанд. Синни номзади аз ҳама ҷавон 31-сола аст - Сафаров Бахтовар дар ҳавзаи интихоботии Вахш пешбарӣ шудааст. Синну соли номзади солхӯрда асосан аз рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ аст. Синну соли раисони ҳизбҳои коммунистӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ баланд аст.
Бояд қайд кард, ки баъд аз таъйини рӯзи баргузории интихобот то имрӯз тамоми чорабиниҳои вобаста ба рафти тайёрӣ ва баргузории интихобот дар асоси талаботи қонунгузории амалкунанда сурат мепазирад. Комиссияҳои дахлдори инихоботӣ танҳо дар доираи муқаррароти ин қонунгузорӣ дар муҳлатҳои муайяншуда ташкил гардидаанд. Раванди пешбарии номзадҳо ба вакилии МН ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар доираи талаботи қонун идома ёфт. Ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандони мо озодона дар ин марҳила иштирок карданд. Комиссияҳои интихоботӣ баъд аз ворид шудани ҳуҷҷатҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ, дурустии онҳоро дар доираи талаботи қонунҳо санҷида баромаданд.
“Азия-Плюс”: - Оё маъракаи тарғиботии аҳзоби сиёсиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Шермуҳаммади Шоҳиён: - Ман ба воситаи Шабакаи якуми телевизион нисбат ба роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ камтар эрод гирифтам ва бори дигар такрор мекунам, ки муҳлат кам мондааст ва онҳо хеле ҷиддитар ва фаъолтар бояд кор кунанд. Онҳо мунтазир нашаванд, ки комиссияҳои интихоботӣ кай онҳоро даъват мекунанд, баъд назди мардум раванду вохӯрӣ кунанд. Қонун иҷозат додааст, ки аз роҳу усулҳои пешбиникардаи қонун бевосита, мустақилона, тарзе, ки худашон мехоҳанд, барномаи пешазинтихоботиро муаррифӣ кунанд. Мақсади мо аз он иборат аст, ки мардум ба пуррагӣ доир ба ҳизбҳои сиёсие, ки дар интихобот ширкат меварзанд, барномаи пешазинтихоботии онҳо, мазмуни мухтасари самтҳои муайяни барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба вакилии МН, барномаи пешазинтихоботии онҳо, номзадҳо ба вакилии вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, то сатҳи ҷамоат бояд донад. Раъйдиҳанда бояд имкони аз байни якчанд ҳизби сиёсӣ интихоб кардани як ҳизб ва аз миёни якчанд номзад интихоб кардани як номзадро дошта бошад, чунки як овоз дорад. Агар маълумот дар бораи номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ миёни мардум камтар паҳн шавад, интихобкунандагон ҳангоми муайян кардани мавқеашон душворӣ мекашанд. Аз ин рӯ, мо ба комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ дастур додем, ки маълумот дар бораи ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, барномаҳои пешазинтихоботии онҳо, номзадҳое, ки ба вакилии МН, вакилии вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, ҷамоат пешбарӣ шудаанд, дар комиссияҳо бояд бошад. Интихобкунанда ақаллан рӯзи 1-уми март, вақте ки вориди бинои овоздиҳӣ мешавад, як бор бинад, ки дар девор киҳо ба мансаби вакилӣ номзад ҳастанд ва мавқеашро муайян кунад.
Дигар масъалае, ки мо аҳамияти ҷиддӣ медиҳем, фаҳмондани навигариҳое, ки ба қонунгузории интихобот ворид карда шудааст. Шаҳрвандон пеш аз ҳама бояд донанд, ки дар рӯзи овоздиҳӣ ҳатман бо худ бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошанд. Як нафар ҳаққи як овозро дорад. Яъне як узви оила ҳақ надорад, ки ба ҷойи дигар аъзои хонавода овоз диҳад. Пеши инро мо бояд гирем. Аз тарафи дигар, тартиби пур кардани бюллетенҳои интихоботиро бояд доданд, ки мо аз таҷрибаи хат задани бюллетенҳои интихоботӣ даст кашидем, яъне инихобкунанда ҷонибдори кадом ҳизби сиёсӣ, кадом номзаде ки бошад, дар ҳамон квадрати холие, ки дар муқобили ному насаби номзад ё номи ҳизби сиёсӣ аст, аломати ҷамъ мегузорад. Мо ҳаракат мекунем, ки тавассути ВАО ва сомонаи КМИР ҷойгир кунем, то мардум онро сарфаҳм равад. Ҳаракат мекунем, мардум пурра донад, ки иштирок дар интихобот гарчанде озод аст, ихтиёрӣ аст, лекин шаҳрвандон бояд нисбат ба тақдири давлату ҷамъияту ҷомеаву мардуми Тоҷикистон бетараф набошанд ва фаъолона ширкат варзанд.
“Азия-Плюс”: - Вале, таври маълум, дар интихоботи қаблӣ чунин қонуншиканиҳо ҷой доштанд, вақте як нафар ба ҷойи чанд узви дигари хонавода раъй додааст...
Шермуҳаммади Шоҳиён: - Дар интихоботҳои гузашта дар ҳақиқат баъзе эродҳо буданд, ки як нафар омада, ба ҷойи чанд узви оила овоз медиҳад. Мо ҳаракат кардем, ки дар интихоботи раёсатиҷумҳурии соли 2013 ҳамин гуна қонунвайронкуниҳо кам шавад. Дар маҷмӯъ хеле кам шуд. Лекин новобаста ба ин, баъзе ҳолатҳо ҳам ба чашм мерасиданд. Аз ин рӯ, мо маводи хеле зиёди ташвиқотию тарғиботӣ омода кардем: плакатҳо, буклетҳо, барномаҳои телевизионӣ, радиоӣ, тавассути рӯзномаҳо. Фақат ба як хотир ки мардум бояд донад: интихобот меъёр ва муқаррароти худро дорад, назорат мешавад ва ҳеҷ кас ҳаққи вайрон кардани талаботи қонунро надорад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста