Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров имрӯз, 17 феврал силсилаи панҷрӯзаи вохӯриҳо бо интихобкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро ба итмом расонид.
Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯриҳо бо сокинони шаҳрҳои Исфараву Конибодом, Истаравшану Чкаловск, Панҷакент ва ноҳияҳои Спитамену Айнӣ ба интихобкунандагон барномаи пешазинтихоботии ҲСДТ-ро шарҳу тавзеҳ додааст.
«Интихобкунандагон қабл аз ҳама ба масъалаҳои марбут ба ҳифзи иҷтимоӣ, таҳкими амният, муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва мубориза бо коррупсия бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд», - иброз дошт ӯ.
Ба таъкиди раиси ҲСДТ, дар ҳамаи вохӯриҳо ба интихобкунандагон маводи таблиғотии ҳизб тақсим карда шуд.
«Ҳангоми боздид аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ дар баробари вохӯриҳо бо интихобкунандагон, ман ҳамчунин аз комиссияҳои интихоботӣ боздид намуда, бо раҳбарияти онҳо мулоқот кардам ва онҳо маълумот доданд, ки ман аввалин раиси ҳизби сиёсӣ ҳастам, ки ба комиссияҳои интихоботии ин маҳалҳо ташриф овардаам», - қайд кард раиси ҲСДТ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста