Комиссия марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ рӯзи 17 феврал аксияи умумиҷумҳуриявӣ миёни ҷавонон таҳти унвони «Ман худам овоз медиҳам»-ро оғоз намуд.
Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманннон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки ин чорабинӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар доир гардида, ҳадаф аз он ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба иштирок дар маъракаи интихоботии парлумонии санаи 1-уми март таъиншуда аст.
«Назарпурсии аз ҷониби КМИР доиргардида нишон дод, ки як қисмати муайяни интихобкунандгони ҷавон дар бораи интихоботи қарибулвуқӯъ тасаввуроти кофӣ надоранд», - қайд кард Додозода.
Ба гуфтаи ӯ, дар рӯзи аввали аксия ихтиёриён аз ҳисоби донишҷӯёни макотиби олӣ дар макони сериздиҳом ба ҳамсолони худ шиору лавҳа, буклет ва тақвимҳо дар бораи интихоботро тақсим кардаанд.
«То ахири аксия ба ҷавонон беш аз 40 ҳазор нусха маводи таблиғи интихобот бо номҳои «Ман худам овоз медиҳам», «Ман худро канор мегирам» тақсим карда хоҳанд шуд», - зикр кард намояндаи КМИР.
Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки то интихобт раҳбарияти КМИР Тоҷикистон бо донишҷӯёни макотиби олии кишвар вохӯриҳо мегузаронад. «Аксияи «Ман худам овоз медиҳам» имрӯз дар бозорҳои бузурги пойтахт доир мегардад», - афзуд Додозода.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста