Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2014 дар моҳи аввали соли равон ҳаҷми содироти нахи пахта аз Тоҷикистон тақрибан 7% афзуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, моҳи январи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар қариб 12 ҳазор тонна нахи пахта (январи соли 2014 – каме бештар аз 11 ҳазор тонна) содирот шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар муқоиса бо моҳи январи соли 2014 нархи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ дар моҳи январи соли равон қариб 22% коҳиш ёфта, дар робита ба ин даромади Тоҷикистон аз пахтаи фурӯхташуда ба хориҷи кишвар дар соли равон ҳамагӣ 14,7 млн. доллари ИМА (январи соли 2014 – 18,8 млн. $)-ро ташкил дод.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир ҳаҷми содироти нахи пахта аз Тоҷикистон тадриҷан коҳиш меёбад. Ҳамин тариқ, аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар соли 2012 – 144 ҳазор тонна, соли 2013 – 114,5 ҳазор тонна ва соли 2014 – ҳамагӣ ҳудуди 87 ҳазор тонна нахи пахта содирот гардидааст.
Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ коҳиши ҳаҷми содироти нахи пахтаро ба поинравии нарх ба он дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва ҳамчунин коҳиши парваришу истеҳсоли пахта нисбат медиҳанд. Пахта яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон шуморида мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста